Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Не, гуфта наметавонад. Ў ҳоло душман аст. Душмани кӣ? Барои кӣ? Дар чашми кӣ?
Ба ёд овардани ин калима саропояшро ба оташ меандозад. Оё ў душман аст? Чӣ душманӣ кардааст? Зану мўсафедони гурезаро ҳамроҳӣ карда ба соҳили бехавф гузаронидан магар душманист? Дуруст аст, ки ҳоло бо худ силоҳ дорад, чаҳор тан ҳамроҳони мусаллаҳ дорад. Аммо ба қасди касе то ҳанўз тир холӣ накардааст ва холӣ нахоҳад кард. Оё вай метавонад ба сўи ҳамватани сарҳадбонаш, ки қад–қади симхор бо эҳтиёт қадам мегузорад ва сарҳадшиканонро ҷустуҷў дорад, тир андозад? Шояд дар байни онҳо бародараш бошад, ҳамсояаш бошад, дўсташ бошад, писари бародараш бошад?
Не, вай ҳаргиз тир холӣ намекунад ва намегузорад, ки ҳамроҳонаш низ саҳадбононро ғафлатгир кунанд.
Хоҷам бо шаст аз ҷо бархосту наъра зад. Наърааш пеши фиғони шамол ва ғурриши дарё ҳеҷ буд. Бори дигар наъра кашид. Ва наъраи ўро ин дафъа садои тир пахш кард. Вай сари синаашро дошта ба ҷои аввалааш дароз афтод.
Сарҳадбонон аз болои ў мегузаштанд, дасту пояшро бо мўзаҳои дағалпошнаи худ зер мекарданд, аммо Хоҷам дарде ҳис намекард, лаззат мебурд, ки ўро пои бегона не, пои ёру бародаронаш ки бисёр ёдашон кардааст, зер мекунад.
Гўё ба дарунаш оташ афтод. Мехост оби дарёро дам кашад, таби синаашро паст гардонад. Ханҷол кашиду хоки намноки найзорро ба даҳан андохт. Аз хотираш, ки лаҳза ба лаҳза хаста мешуд, гузашт: «Шукр, ки хоки ватан ҳаст...»

ГЎШИ ХУДО
– Оча!
Муҳаррам, ки аз миёни издиҳом бо азоб пеш мерафт, қафо гашту ба духтарчааш нигоҳ кард. Нигора аз дасти модараш кашола карда ўро маҷбур сохт, ки хам шавад, магар гапи махфие дошт, ки маҳз дар гўши модар гуфтан мехост.
– Чӣ?
– Нигоҳ кун, куртаи ман.
Муҳаррам ба сафи рости фурўшандагон, ки моли худро рўи замин паҳн карда, роҳи харидоронро мепоиданд, назар андохт, назар андохту дилаш ба бозӣ даромад. Духтараш хато накардааст, ҷавони тангчашми мўйлабдор куртавориҳои қиматбаҳои ўро низ пеши рў ниҳода, савдо мекард.

пешина
аз 276
навбатӣ