Шоҳроҳи истиқлол

Муҳаммад назди муқомгоҳ Ҳабибаро садо зад. Сарвқомат бадар омад.
–Тинҷист, бародар?!–мушаввашхотир пурсид бону.
–Адолату Ҳабиб аз наҳр барнагаштаанд?
–Ҳоло на! Чӣ буд?
Ҷавонмард матлаб гуфт:
–Хоҳарам, як ҳафта ва ё шояд бештар дар маркази район муаллимӣ меомўзам. Буду бошам ҳамон ҷо, омада наметавонам. Хоҳиш дорам, Адолатро аз худ канор нагузоред.
Баъди бозгашт мактаб мекушоям, бачаҳоро хату савод меомўзонам. Шайхи Зулбайта чунин орзу карда буд. Толеъ мадад кард.
–Чӣ хубе! Аз Адолат осуда бошед, бародар,–бо хушҳолӣ гуфт Ҳабиба.
Муҳаммад хаёле сукут варзид ва сипас хоҳишомез ба забон овард:
–Медонӣ, хоҳарам, як гап дорам…
Ҳабиба гўши ҳуш шуд. Муҳаммад мутафаккирона ба сухан пардохт:
–Аслан ҷисми инсон киштист ва эҳсоси ў мисли кўдак.
Агар киштӣ бехудо бошад, ҳар лаҳза ғарқшавӣ таҳдидаш мекунад ва агар эҳсос бемодар монад, дар зиндагӣ раҳгум мезанад. Илтимос, модари Адолатам бош ва дар набуданам ин қабиларо роҳбарӣ намо. Онҳо ба ту эътимод доранд ва ба ҳарфат гўш мекунанд.
Авзои Ҳабиба дигар гашт. Дар қалбаш рахи шубҳа соя андохт. Шубҳаро канор гузошт ва таври ҷид бигуфт:
–Бародар, ман ба Тобони азизам қавл додаам ва ҳамчун шайхҳои ростгў ҳич гоҳ суханамро намешиканам. Барои Адолат модар ва барои қабила ҷигарам. Аз ту ҳам илтимосе дорам, ҳич гоҳ бо оҳанги хайрумаъзур бо ман ҳарф назан, дигар тобу тоқати кандани шуморо надорам. Ҷудоӣ аз Ҳабиб бароям бас, реҳлати Тобон бароям кифоя. Дигар намехоҳам, ки аз Шумо ҳам бишнавам. Илтимос, маро пора накунед, дар нимароҳ нагузоред. Ҳар лаҳза баргаштану омадани шуморо бесаброна мунтазирам. Худо ёру мададгори Шумо бод!
–Худо ҳофиз,–гуфт ҷавонмард низ ва ба сўйи раису мудир қадам бардошт.
Ҳабиба аз пушти Муҳаммад косаи об рехт. «Роҳи сафед, ба саломат баргард!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор