Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Муҳаммад метавонист якбора ва тунд «намеравам»
бигўяд. Зеро пўписа ва омоли зишти раиси азимкалла нафраташро барангехт. Сабри ҷамил суханони шайхи Зулбайтаро дар лавҳи хотири ў гардон кард: «Муҳаммади азиз, ҳамакнун ту ба дигарон бигў ва фарзандони онҳоро бехӣ бехату савод нагузор. Бесаводӣ торикӣ ва ҷаҳолат аст! Бехирад ба фарқи хубу бад намеравад. Ин кор нобахшиданист. Ту метавонӣ дар замони нав омўзгори хуб ва лизо ҳифозатгари хату забони хеш бибошӣ. Дуо мекунам, ки ин ният амалӣ бигардад. Ишооллоҳ, пирўз хоҳед шуд». Ёди сабзи суханони шайх нафраташро фурў гузошт. Аз беақлии лаҳзаина худро канор гирифт. Ў ором гашт ва бо таҳаммули азалӣ бигуфт:
–Мунтазирам бошед, ҳаминак бо шумо меравам.
–Биҷунб!–амр зад раис ва каллаи азимашро ҷониби Шаманов тоб дода, оҳиста фаҳмонд:–Разведка, муаллими маҳмаддоноро район мебарам. Ту дарзаи тўғай қабза карда нашин! Ба ин бева бифаҳмон, ки сару афзори ҷонварашро нами ҳозир барбандад. Раис барои сиёсат бояд байни одамон аспсавор ва фукчухт бигардад, вагарна ягон беваи почаканда гапамро намегирад. Аввал аспашро душоха савор мешавам, баъд худакашро. Фаҳмо, гургхўрда?!
–Илтимос, раис…–даст ба сандуқи сина гузошт лоғарандом ва мисли лаклак гардан ёзондаву қомат афрохта, савол андохт:–Нагўйед, ки нагуфтам: магар беҳтар нест, ки худи ҳозир бо ҳамин асп район биравед?
Раис нешханд заду гуфт:
–Ҳой, разведка, дар район дўсту душман аз мўйи сар ҳам зиёд! Ҳамаи хўҷаинҳо–пойи пиёда, ҳатто хар надоранд, ки аз як деҳа ба деҳаи дигар бираванд. Чашмонашон чор рўзи дароз роҳ мепоянд; ку, кӣ савора меояд?.. Агар маро аспсавор бинанд, якбора талхаашон ба даҳон мезанад. «Аз куҷо ёфт, киро ғорат кард?» Ноилоҷ мемонам. Маҷбур мешавам, ҷонварро ба ягон болонишин муфт ҳадя кунам. Бо ҷирани бева дар ин ҷо савлат карда гардам, беҳтар нест, магар?! «Аз чашм дуру душман кўр».
Шаманов хушҳолиашро сохтакорона изҳор кард:
–Нагўйед, ки нагуфтам: ба калаи тилоии Шумо арҷ мегузорам, раис!
Пакана аз ифтихор мағруртар гашт. «Аспу майдон дар дастам, чӣ коре хоҳам, мекунам. Хурўс дар шаҳри урус ҳам хурўс!»

пешина
аз 276
навбатӣ