Шоҳроҳи истиқлол

Кай, кай?!..
Шаманов пойи лангашро наздиктари раис овард ва мисли афсар назди қумондон, мутантан иттилоъ дод:
–Рафиқ раис, нагўйед, ки нагуфтам: тибқи муқаррарот разведка ба шумо иттилоъ медиҳад, ки бароятон аспи раисзеб пайдо кардам. Соҳибаш як бонуи сарвқомати бешавҳар. Агар дилашро ёбед, якбора соҳиби ду аспи ҷиран мешавед,–каф ба каф совида, хушҳол мужда расонд лоғарандоми дароз ва ҷониби ҷонвар ишора кард:–Ана, нигоҳ кунед, раис!
Раиси пакана аз дур ҷонварро нигарист, аммо соҳибашро надид.
–Бад не, лекин сарвқомат наменамояд–ку?!
–Сарвқомат–азодор!
–Кӣ талаф ёфт, гургхўрда?! Чаро ман бехабар? Қасам ба номи доҳии пролетариати ҷаҳон, агар дар қалби пурсўзам муҳаббати якдилии меҳнаткашон ҷо намедошт, саратро мисли харбузаи фач аз тан ҷудо мекардам! Ҳе, разведка нашуда…
–Ногаҳон ҳамсарам аз дунё реҳлат кард,–бо дилсўзӣ лоғарандомро ҷонибдорӣ кард Муҳаммад.–Аммо мо ўро талаф надодаем, балки дар ҷойе гузоштаем, ки ёфтанаш мушкил.
–Дар куҷо гузоштед, одами зиндаро?!
–Дар дилҳомон ҷош кардем, дар дилҳомон!
–Гўш кун, маҳмаддоно, ту фақат бо асрору розу ниёз гап мезанӣ!–ба ғазаб омад раиси пакана.– Магар одами думетра нахўд аст, ки дар як ваҷаб шикам ҷош мекунӣ? Брос–се!..
Фалсафаи ту ба кӣ даркор? Мурдаро мурд мегўянд, зиндаро зист!.. Бирав, ҷулу пўстакатро бигир! Ба районат мебарам.
Як ҳафтаи дароз муаллимиро меомўзӣ. Ба деҳа наомада, он ҷо зист мекунӣ. Баъди бозгашт сағераҳои бесаводро таълим медиҳӣ, ки мабодо дузду ғоратгару каллабур нашаванд.
Фарзандони доҳии пролетариати ҷаҳон бояд босавод бошанд. Медонӣ, Ленини ғамхор ҳатто беваи Капланаро, ки ба сўяш тири марговар андохта буд, муҷозот накард. Гуфт, ки ин махлуқи тираақлро бурда таълим диҳед, тарбия кунед, ба ҷамъият даркор мешавад. Мо, фарзандони доҳии пролетариати ҷаҳон, ана ҳамин хел ғамхору дилсўзем!–ифтихор кард раис ва амр зад:–Ту, донотарош, ояндаат дурахшон, мисли гургхўрда, самбақа шуда наист, биҷунб, акнун!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор