Шоҳроҳи истиқлол

Чашми ҳариси раис аз дур чеҳраи поку беғаши бонуро сўрох мекард. Аз нозанинии сарвқомат як лаҳзаяке дилаш бирешиму қадаш баландтар гашт. «Сабил, паризод будаст–е!
«Сайд дар боғу гург дар роғ». Ин чашми кўр куҷоҳоро менигарад? Тилои чачкарда дар пеши чашм, ба хироҷи мамлакат меарзад–е! Мегўйӣ гавҳар ворӣ аз даҳони мораш гирифтайӣ. Муаллими пойлуч, мурдаи занашро як рўз нашуда, барои ҳамин гирд–гирдаш мисли анкабут тор метанад, тор метанаду думғозаашро сар намедиҳад. Ҳо–о, паризод, чашмакони кушандаатро васеътар кушо, султонро аз гадо фарқ кун, охир!
Хўҷаини ин водии бекарона манам, охир! Агар ба болинам сар монӣ, ба пойи қадамат зар мерезам. Ин муаллимаки пат– патиро ба сарат мезанӣ. Як ишораат бас, агар беҳуда саргарангат кунад, ба қадаш чунон ҷома пора кунам, ки худаш сари мў пай набарад! Ҳоло ў бо кӣ сар ба сар шуданашро дарк накардааст. Хаташро аз Сибир нахонем, ман ҳарчӣ!»
Даҳони вои мудири анбор хашми раисро овард. Авзои пакана дигар шуд, дар қиёфааш аз бечораҳолӣ осор намонд ва якбора пўписа кард:
–Бар падарат лаънат, хар, ҳайвон, самбақа! Қасам ба номи доҳии пролетариати ҷаҳон, агар дар қалби пурсўзам муҳаббати якдилии меҳнаткашон ҷо намедошт, чашми ҳар касеро, ки ба ин бева бо ҳавас менигарад, кўри кўр мекардам! Даҳонатро бипўш, гургхўрда, боз ягон паша надарояд!
–Илтимос, раис…
–Бигў, ки муаллимак зудтар биҷунбад! Дар балои «ошиқи печон» мондем–ку! Мо ғами таълиму тарбия хўрем, онҳо ғами ишқварзӣ! Як доҳии муаззами пролетариати ҷаҳон хобу хўрро бо ҳамсараш тамоман аз ёд рўфтаву партобида буду ин буқаи зотиро бинед–е! Ҳай–ҳай нагўйӣ, ҳамин занаки ходаро дар рўзи равшан хобонда… Ҳе, лаънатии бадзот, ин ҷо майдони кор аст ё ошиқхона?!
–Албатта, кор, кораст, раис!–Шаманов даступоча шуд ва осемаву лангон–лангон ҷониби Муҳаммад ду–се қадам гузошт.–Нагўйед, ки нагуфтам; муаллим, зудтар, зудтар!.. Раис қабратона меканад, зудтар!..
Паканаи азимкалла сарашро палмосида, бо ангушти ишорат ба сўйи лоғарандом таҳдид кард:
–Супориши партиявиро фаромўш накун, то омадани ман корҳо тахту рахт шавад, вагарна рўдаву ручукатро канда мепартоям!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор