Шоҳроҳи истиқлол

– Боз кӣ мегуфт?
Писари Нўъмон балонҳои нимсўхтаи мошинро бароварда ба кўча ҳаво дод. Илҳом сатили оба ба кўча пошида, давид ба паси балон, ки чархида – чархида кўчаро нишеб шуд.
– Куҷо меравӣ? Ёфтӣ вақти бозита, – асабӣ шуд бобои Қурбон аз рафтори Илҳом. Илҳом ҷои ғелхўрда паҳлў задаи балон қарор ёфта, бо таасуф сар меҷунбонд.
– Одамро шинохта намешудааст – е… Мани сода Ғаффори шпиона гунаҳгор кардам, ки балони мошина ў дуздидааст.
Ба милиса дода, товони балона гирифтам. Ана балони дуздбурдаи мошинам. Кӣ гумон мекард, ки ин кори Саттор аст? Илоҳи хонат сўзад дузд.
– Чаро оба ба кўча рехтӣ? – шўрид Холи бўчка.
– Мон бисўзад…
Ҳомид ҳанўз ҳам худашро таъриф мекард.
– Занг задам, сардорашон гирифт…
– Адреса дуруст додӣ?
– Дуруст додам…
– Чаро дер карда бошанд?
– Иван ҳам рафт, даракшон нест.
– Боз ягон ҷои дигар нарафта бошанд?
– Ин рўзҳо чандин ҳодисаи сўхтор рўй медиҳад, кӣ медонад?
– Як тараф истед! – шиферҳоро шикаста «велосипеди»
кўдаконаро ба кўча ҳаво дод Ҷаббор.
– О… – сухани Гулнигор дар гулўяш монд. Ҷамшед силтав зада, аз дасти модараш раҳо шуд ва ба сўи велосипед давид.
– «Велика» худам ёфтам.
– Аз пушти ҳавлӣ гум шуда буд. Дар қудрати Худо ҷонам, моли ҳалол, ки буд ёфт шуд.
– Як тараф истед! – Нўъмон бастаҳои сим, халтаҳои пури дони ҷувориву гандумро ба рўи ҳавлӣ ҳаво медод, ки нимасўз шуда, дигар ба истифода кор намеомад.
– Мон бисўзад, – гуфт Саттори аламзада.
– Барои чӣ? – ба оташи аламаш рўған рехт Убайди ронанда.
– Кор меояд.
– Чизаш кор меояд? Мон бисўзад, – гуфт Саттор. Аз рафтори Нўъмону писараш Қамар, ки амволи дуздидаашро пеши мардум ҳаво дода, бо ин роҳ ба Саттор «хизмат» кардан мехост, дандон ба дандон месоид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо