Шоҳроҳи истиқлол

«Мани аҳмақ хело барвақт, аз хизмати ў миннатдор шуда будаам.
Кадом душман дўст шуда буд? Кадом душман дасти ҳарифашро гирифтааст? Барои шарманда кардани ман омадаанд. Омадаанд, ки гуноҳи маро пеши дўсту душман фош кунанд».
Авзои Саттор лаҳза ба лаҳза бад мешуд, гўшҳояш қулф зада, чашмонаш хира шуда буданд. Девонавор чун одамони маст дар рўи ҳавлӣ чарх мезад. Суханонаш низ берабту бемаъно буданд. Акнун хоҳишаш дигар буд. «Кош месўхту хаси хона боқӣ намемонд. Ба пастиву камбағалӣ гирифтор шудам. Шармандагӣ чӣ буд, ки ба сарам овардӣ, эй Худо?»
Авзои мардум ҳам дигар шуда буд. Ба қавли Зиёи математик сесаду шасту панҷ градус тағйир ёфтанд.
– Ҳамин хел будааст, ки Худо нишонаш дод?
– Ин дунёяш–ку сўхт, сўхтан ҳоло дар пеш, дар он дунё аст. Ҳама ин хоку хори дуздӣ хасми ҷонаш мешавад.
– Кӣ мегуфт аз дасти Саттор ҳамин кор меояд?
– Фаришта гумонаш мекардем. Дилам ба ҳолаш сўхта буд.
– Хаппаки таги тапака дидед?
– Кӣ оташ зада бошад?
– Кӣ медонад?
– Ҳарду рўи Саттор сиёҳ шуд…
– Худо душмани одама ба ин рўз гирифтор накунад.
– Нўъмон кори худро кард…
– Э ба фикри ман, Нўъмон ҷои об ба оташ рўған мерехт.
– Аз куҷо фаҳмидӣ?
– Ҷое, ки об мепошид, оташ аланга мезад.
– Кори хуб кардааст. Падарашда раҳмат.
– Ман кори ўро беномусӣ гуфта будам.
– Мардбача баъд аз чил сол ниқор мегирад. Офаринаш!
– Бечораи Сайлиро бинед!
– Аз думи зани Саттор канда нест…
– Вой хонам, вой хонам, – алам мекард ҳамсари Саттор.
– Айб аст, ин хел нагў ҳамсоя, – ўро насиҳат кард Сайлӣ. – Мазмуни сухани мардум накун худро.
– Тамошобинӣ омадаанд, гўё тўй дошта бошам…
– Илоҳӣ хокистари хоната наёбӣ, – набераша гирифту рўболо шуд зани бобои Қаландар. – Бечора Саттор хонахароб шуд гуфта давидам. Аз паси ў зани бобои Хол раҳакӣ шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо