Шоҳроҳи истиқлол

Нўъмон аз таги хасҳои нимсўхта пўсти қоқшудаи говро канда ба кўча ҳаво дод.
– О… Ин пўсти гови гумшудаи ман аст – е. Иқлима пўстакро ба даст гирифта ба занҳо рў овард.
– Кадом говат?
– Се сол пеш, баъди гандумдарав, пеш аз ҷуфти замин ба саҳрои колхоз ҳайдав карда будем говама. Гум шуд, ҳарчанд кофтем ҳама ҷоро…
– Болохонаи Саттор алафхўрӣ баромадааст – да? – гуфт Ҳоҷарбӣ зани Холи бўчка.
– Э илоҳи хонат сўзад говдузд-е, – ба ғур – ғур даромад Иқлим. Хонаи дузд сўхт, дигар чизаш монд?
– Биковед – ку, шояд пўсти бузу гўсфанди ман ҳам барояд,
– гуфт Ҷамила.
– Ту кай гум кардӣ бузу гўсфандта?
– Як сол пеш…
– Барои чӣ ҳеҷ кас намедонад?
– Мо худамон овоза накардем. У вақт хушдоманам зинда буд. Отаи Раҷаб бачаҳоро ҷамъ карда маҷлис кард. «Бузу гўсфанда як ҳафта бикобед. Ёфтед, хуби хуб. Наёфтед дамтона дарун бигиред. Кампир пурсид гўед, ки отам бепул шуду бозор бурда фурўхт».
– Барои чӣ аз кампир пинҳон доштен?
– Кампири сергап гўшу майнамона мехўрд.
– Мурду ҷонат халос шуд…
– Илоҳи дар алови дўзах бисўзад заб ғамум надод! Бегоҳ бачааш аз кор меомад, гапи набударо ба сарам бор мекард.
Очааш аз дарун, бачааш аз берун заҳробаам медоданд. Сад бор қаҳр карда рафтанӣ шудам. Модарам насиҳат мехонд: «Сабр кун! Сабр ки кардӣ, ба раҳмати Худо сазовор мешавӣ».
То ба нафақа баромада хонашин нашуд, саг рўз дошту ман не.
Хонашин ки шуд, гандагии очаша дид. Ба касалии сил гирифтор шуд.
Рўзе иқрор шуд, ки ҳама дарду аламоӣ додагии кампир аз дилам баромад. Таҳсини ту Ҷамила, ки дар ин ғут – ғути кампир зинда мондӣ, ҷонат аз санг будааст.
Ба гапи ў бовар мекардам. Акнун фаҳмидам гап дар куҷо будааст.
– Ҳамина шавҳарат гуфт?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо