Шоҳроҳи истиқлол

– Саттор ҳам на шаб хоб буду на рўз, ҳамаро кашонд.
– Муш барин…
– Аз гўру лаҳад сер набуд –е.
– Ана, фоидаи кӣ шуд?
– Сиву се сари сол дар ин деҳа зиндагӣ дорам. Боре ҳам надидам ва нашунидам, ки Саттор об ҷуш карда, ба ду одам хайр карда бошад.
– Санг кафида баромадааст…
– Занаш каму беш мусулмонӣ дошт…
– Хок мусулмонӣ дорад. Занаш хуни муша мехўраду арзана ба барма шикоф мекунад.
– Нўъмони беномуса бинед – а.
– Кӣ мегуфт онҳо сояи якдигарро аз девор метарошиданд?
– Сайлиро бинед!
– Аз китфи зани Саттор гирифтааст – е.
– Ба дили худ ўро миннатдор мекунад.
– Зани биргада бине, вақташ хуш аст. Гўё ба тўй омада бошад.
– Шавҳараш, ки меорад ҳарому ҳалол, назараш касеро намегирад. Сайлии бечоравори мешуд, баробари зани Саттор мегирист.
– Бечораи берўзӣ, ҳама меҳнаташ барбод рафт.
– Яке ў бечораасту яке ту.
– Ҳатто тўи хатнаи бачаҳоша нагузаронд.
– Тўи духтароша ҳам касе надидааст.
– Аз куҷо тўй кунад, ки духтарош дум гирифта рафтанд.
– Таҳсини Саттор, харвори кор карда, муш барин анбор кард. Ҳамааш дар як лаҳза ба бод рафт.
– Бобои Қурбона бинед, дастша дар коре намезанаду аз ҳама зиёд ҳаю ҳўй дорад.
– Ту ба умри ў биравӣ, шояд худатро ковок карда натавонӣ.
– Азоб мекашид, кори вазнин мекард, хусури ман барин дар дами 65 дунёро падруд мегуфт. Чӣ кор кардааст?
Тутхўраквори зукахўрӣ карда гаштааст.
– Ҳайфи меҳнатои Саттор…
Занҳо ба ҳадде пичир – пичир мекарданд, ки кас намедонист ин гапро кӣ гуфту онро кӣ ба забон овард. Сарҳисоби онро касе намерафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо