Шоҳроҳи истиқлол

– Касеро нафорад гўш накунад.
– Писарамаки шайтон..
– Ту худат шайтон…
– А бача… – онҳоро халос карданӣ шуд муҳосиби амвол. Аллакай дер шуда буд. Хазинадор ба хоку хун оғушта, дароз мехобид. Барот барои ин амалаш сазовори маҳбас дониста шуд.
Сайлӣ, ки дар ин қиёмат ҳамсари Сатторро дилбардорӣ мекард, баробари ў месўхт.
Ҳомид ҳам омад. Бо забони дароз пеши ақлакҳои деҳ ҳисобот дод.
– Занг задам…
– Нестанд– ку? – чизеро бобои Хол аз киса баровард, соат буд. Нигаристу аз нав онро латтапеч кард, ба ҷилдаш гузошта, ба бағалкисааш зад.
– «Сўхторхомўшкунакҳоро» замин кашида бошад? – луқма партофт бобои Қурбон.
– Шояд, дар роҳ балонаш кафида бошад? – дурўғашро ҷома пўшонд Ҳомид.
– Ягон мошиндора фиристонем чӣ? – гуфт Қаландари бўчка.
– Мошиндор кист?
– Ивани чаламусулмон, – гуфт Қаландари бўчка.
– Иван, ҳо Иван, биё ба сари «пажарнико» бирав, – хоҳиш кард бобои Қурбон.
– Ҳомид рафта буд – ку? – арақи пешонаашро пок карда, пеши бобои Қурбон ҳозир шуд Иван.
– Дер карданд. Ку як рафта бинед? Боз дар роҳ балони мошиншон накафида бошад?
Иван чорхез давид сўи хонааш. То ки мошинашро барои назди сўхторхомўшкунандагон рафтан омода кунад.
– Э даҳанвозҳо… – овоз баланд кард Нўъмон.
– Чӣ истодаед? Об биёред! Оташ ба шифер часпид.
Дар паси девори ҳамсоя, ки рў ба рўи хонаи сўхтаистодаи Саттор воқеъ афтода буд, занон бачаҳои хурди худро аз дасташон дошта, ба оташи алангагирифта менигаристанд.
– Кори кӣ бошад?
– Аҷаб не, бачаҳояш дар торикӣ гўгирд зада, болохона баромада бошанд, то ки пиёз ё тарбуз гиранд. Дар болохона ҳазору як майда – чуйдаи дигарро нигоҳ медоранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо