Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳарчанд дар ислом ҷоду ва ҷодугарӣ манъ аст, вале вай бархилофи фармудаҳои ислом рў ба Камзулҳусейн1 оварда, ҳам худ ва ҳам гузаштагони ҳафт пушташро дар зери таънаю маломати мардум монд, чунки дуздиву ғарӣ дар паси саргини хар гуфтаанд ва сирри мулло ошкор шуд…
Барои по бар рўйи шариати ислом монданаш, ки бо далелҳои шайъӣ ба даст афтода буд, мардуми маҳал ўро радди маърака донистанд ва маҷбур шуд, ки диёри хеш тарк намояд…
Сипас ў деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр гашта аз Камзӯлҳусейн ба дарди бархе аз корафтодагон даво мебахшид ва чун табибу мулло аз нав ном баровард. Ба қавле бо даму дуояш маҷрои обро ба самти муқобил гардонда метавонист. Бисёриҳо ана мулло ҳамин хел бошад, мегуфтанд. Вале кўза на ҳамеша аз лаби об беосеб бармегардад. Рўзе ў ба васвасаи шайтон дода шуду ба зани ҷавоне, ки баҳри дуо наздаш омада буд, дастдарозӣ кард. Он зан доду фарёд бардошт ва ўро дар он маҳал қариб сангсор намуда буданд. Хайрият ҳамин Солеҳ Ҷалил аз куҷое пайдо шуду ҷони ў аз дасти издиҳоми ба шўр - омада раҳо кард.
Солеҳ Ҷалил ўро ба мошинаш аз он маҳал берун бурд ва роҳи чӣ тавр дарёфт намудани пулро фаҳмонд. Аслан ў наметавонист ба гапи Солеҳ Ҷалил бовар накунад. Ҳамон чорчархаи «Волво», ки ўро ба ин манзил овард, худ далели гуфтаҳои мусоҳибаш буданд. Агар ў боз даҳ соли дигар низ Камзӯлҳусейнро истифода мебурд, ба гумон буд, ки савори чунин мошин гардад.
– Ман розӣ, - гуфт ў.
– Ана, ин гапи дигар,-гўён Солеҳ Ҷалил ўро ба шаҳр бурда, дар тарабхона баҳраш зиёфат орост. Маҳз барои шиносоӣ, ў аввалин маротиба ҷуръаи май ба лаб бурд.
Баъдтар он ҷуръаҳо боз такрор шуданд ва тайи чанд соли дигар чӣ қадар ҷомҳоро ў дар ҳалқаи ёру дўстон ва лоларухоне, ки чун худи ў дар гардиши маводи мухаддир саҳмгузор буданд, холӣ кард, ҳисобаш гум...
1 Камзӯлҳусейн – аз арабӣ Асрори Ҳусайн ё китоби ҷоду.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё