Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дасти боло чун дасти мафия зўру тавоност ва ё шояд ҳамон боло худи мафия бошад. Албатта, дар он ҷойе, ки мафия ҳаст, комиссар Каттанӣ1 ҳам ба саҳна мебарояд ва рўзе гиреҳи ин ғалтак мекушояд ва аҷаб нест, ки гиреҳ комиссарро то пеши ў наорад…
Не, Худо ҳаргиз ўро бо комиссарҳо рў ба рў накунад.
Охир ў дурўғ ҳам гуфта наметавонад. Одамро кушт, вале ҳангоми дурўғ гуфтан ду бари рўяш то баногўш чун лахчаи нимсўз оташ мегирад ва рухсораҳояш барқ – барқ мекунанд.
Агар Каттанӣ ҳам набошӣ, дар чунин ҳолат дидани авзои мусоҳиб туро водор месозад, ки мисли комиссари итолёвӣ андеша намоӣ ва чун андеша кардӣ, мантиқи суханро ҷўё мешавӣ ва оқибат ба шоҳроҳ мебароӣ… Дар шоҳроҳ гурехтан душвортар, чунки шоҳроҳ ҳам мисли биёбон аст ва дар биёбон агар паша пар занад, болу парош месўзад.
Чанд рўз аст, ки ў байни чор девори сангин танҳо мисли ҳамон пашаи дар биёбон монда, ки болу пари хеш аз даст дода, рў ба раҳми худост.
Чанд сол пеш ў байни мардум обрў ва нуфузи беандоза дошт, вале дини мубини исломро хор кард…
Падару бобоёнаш мардони худотарсе буданд ва ҳамеша орзуи он доштанд, ки нафаре аз ворисонашон хонда, аз илми ислом воқиф гардад ва чун ў мактабро хатм кард, падараш ўро ба Қӯрғонтеппа назди домуллои калоне ба хизмат бурд.
Азбаски он солҳо таълимоти динӣ дар мактабҳо манъ буд, мардум фарзандони хешро бо роҳи пинҳонӣ аз олами ислом воқиф карданӣ мешуданд. Маҳз бо ҳамин васила тайи ҳафтод соли ҳукмронии Давлати Советӣ мардум чароғи маърифати ислом зинда доштанд.
Баъди панҷ соли таҳсилу хизмат ў дуои пир гирифта, ба диёраш баргашт ва соле пас он Иттиҳоди Шуравӣ низ пош хўрд ва ба қавле дари мактабҳои динӣ низ ба рўйи толибилмон боз шуд… Бо ҳамин аҳвол чор – панҷ соли дигар низ сипарӣ шуду толибилмони зиёде бо ҳуҷҷатҳои аслии хатми донишгоҳи исломӣ ба он диёр омаданд ва ба қавле мавқеи ин домуллои беҳуҷҷатро танг карданд. Ҳарчанд дар асл чунин набуд, вале ў омадани домуллои навро чун рақиб

1 Каттанӣ – қаҳрамони асосии силсилафилми итолёвӣ “Ҳаштпо.” қабул кард ва илми андӯхтаи хешро ба самти муқобил равона кард.

пешина
аз 513
навбатӣ