Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Бубин, нақши ангушгтони тамоми мардуми сайёра яке аз дигаре фарқ дорад, ки илм онро ба нафъи худи мардум истифода мебарад. Нақши ангуштони тамоми мардуми сайёра характери индивидуалӣ дошта, инсон ба он тағйироте дохил карда наметавонад ва маҳз ҳамин нақш аз гаҳвора то ба гўр он шакли хешро тағйир намед Олами криминалӣ борҳо ба нақши ангуштони хеш тағйироту иловаҳо (аз қабили сӯхтани ангуштон) дохил карданӣ шуданд, вале бе натиҷа.
Олами криминалӣ чун кори хеш бе натиҷа диданд, роҳҳои дигари дар ҷойи ҷиноят нагузоштани нақши ангуштони хешро ҷустуҷў намуданд ва дастпўшак намунаи кулминатсионии ин дастовардҳост. Вақтҳои охир бо намоиши филмҳои бадеӣ худи давлат дар инкишофи савияи донишу маҳорати ҷинояткорон саҳм гузошт. Ба ҳар ҳол мақтул аз ҳамин пешравиҳои илму техника истифода бурда буд ё на, то ҳанўз маълум нест, вале нақши ангуштонаш номашро пойдор кард…
-Марҳамат, як пиёла чой.
Сорбони Ҳомид баробари шунидани овози муфаттиш андешаҳои хешро лаҳзае аз сар берун карда, курсиро ба тарафи мизе, ки муфаттиш баҳраш дастархон ороста буд, наздиктар бурда, пиёлаи чойро аз дасти мизбон гирифт…
Тайи ду-се рўзи охир ў қариб ки аз хона набаромад. Хона ҳам хонаи худаш набуд. Баъди амалиёт ўро рост ба ҳамин ҷо оварданд ва амри Шефро ба гўшаш расонданд. Хоҳу нохоҳ ў бояд тайи чанд рўзе ҳамин ҷо мемонд. Дар рўзҳои охири моҳи охирини тобистон дар байни чор девор худро дар қафас ҳис мекард, вале замин сахт буду осмон баланд. Ҳарчанд дар маҳбас набуд, вале аз машоми озодӣ низ нафаси осуда гирифта наметавонист. Мисли кабки дар қафас озод, вале пойбанд.
Акнун кори шудагӣ шуд. Шишаи бишкастаро пайванд ва оби рехтаро ҷамъ кардан мушкил, не аниқтарш ғайриимкон аст. Агар ў супориши болоро ба ҷо намеовард, шояд ҳоло худаш туъмаи зоғу заған гашта буд. Барои боло фарқе надорад ҷони ў ва ў баринҳо. Лӯхтакчае дар бозӣ буд ва акнун нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё