Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Чанд сол аст, ки ў ба нияти таҳорату намоз кўзаи об ба даст нагирифтааст. Баъди хатми Камзӯлҳусейн ба чунин амал даст задан ҳам як нишони беақлист. Ў худаш нағз мефаҳмад, ки ба чӣ кор даст задаст, ҳарчанд мегўянд, ки Худо бахшандаю меҳрубон аст. Худо бахшандаю меҳрубон аст ва на бояд касе ба бузургии Офаридгор шак биёрад, вале ў ба ҷойи тавбаю надомат, боз ба коре даст зад, ки китоби ҷодуро ба як нӯл мезанад. Агар ў бо истифодаи Камзӯлҳусайн ба яку
- ду оила зиён оварда бошад, бо ҳар як амали солҳои охири хеш ба ҳазорон нафар зиён овардааст. Шояд онҳое, ки солҳои аввали амалиёти ў аз доруҳои овардаи вай истифода бурда буданд, аллакай дар қайди ҳаёт набуданд ва ё ба дарду шиканҷаи муолиҷанашаванда гирифторанд. Ин ҳамааш кам буд, ки маҳз бо дасти ӯ наҷотдиҳандаашро аз байн бурданд.
Вай аз кадом нуқтае ба кирдори хеш нигоҳ кард, дастонашро то буҷидак не, то оринҷ ва аз он ҳам болотар олудаи хун дид, хуни ноҳақ …
Ў байни чор девори сангин сари кору кирдори хеш андеша дошт ва ҳар қадар фикр мекард, роҳи халосиро баҳри хеш намедид, андешаҳо мисли торҳои танидаи анкабут майнаашро мефушурданд. Ў мисли марди дар ботлоқ монда баҳри наҷоти хеш ҳар қадар дасту по мезад, ҳамон қадар тезтар ботлоқ ўро ба коми хеш фурў мебурд.
Ташкилоте, ки ў тайи чанд сол шомилаш буду сари сабзи хеш фидои номаш намуда буд, «Ҳамдилон» ном дошт ва сарвари онро Шеф меномиданд. Ба ҳама он ҳамдилии аъзои ташкилот, ки бисёртар маҳфилаш низ меномиданд, нигоҳ накарда, Шеф аз зердастони худ, ки ҷони хешро ба гарав монда, баҳри бунёди «Ҳамдилон» ҳазорҳо доллар даромад меовард, канораҷўӣ мекард. Аз рўйи нақли Солеҳ Ҷалил ў ҳамин қадар мефаҳмид, ки шахсеро ки шомили «Ҳамдилон»
шудааст, роҳи бозгашт нест ва оне ки нияти аз «Ҳамдилон»
баромадан мекунад, марг ҳамеша дунболагираш аст. Маҳз ҳамин суханон ўро то ба имрўз пойбанди «Ҳамдилон» намуда буд ва даст ба куштор заданаш низ аз тарси ҷони хеш буд.
Шаҳодати иқтидори «Ҳамдилон» он буд, ки баҳри аз байн бардоштани Солеҳ Ҷалил, ки акнун ба гуфти Лайлӣ нияти ба милиса рафта, ба гуноҳи хеш иқрор шудан дошт, бо дасти ёвари Шеф фиристодани автомати наппа нави Калашников буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё