Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Аслан хабарҳои гирифташударо ба ду гурўҳ ҷудо кардан мумкин буд. Ба гурўҳи аввал ҳамаи он хабарҳое дохил мешуданд, ки шаҳрвандон бо нияти соф ба кори милиса ёрӣ додан мехос - танд. Ба гурўҳи дуюм (хушбахтона чунин хабарҳо ангуштшумор буданд) он хабарҳое буданд, ки бархе аз гулободиҳо ба он манфиатдор буданд. Ба ин қабил хабарҳо милиса диққати бештаре медод ва бо эҳтиёт буд ҳангоми санҷиш, то номи касеро доғдор насозад. Аксари ин хабарҳоро шахсоне паҳн мекарданд, ки дар ғами ҷони хеш буданд, чунки дасташон то оринҷ дар гуноҳ ғарқ буд ва давлат бо авфи умум онҳоро бахшида буд, вале…
Давлат онҳоро бахшида буд, вале тарсу ҳарос дар дилашон боқӣ монда буд, чунки замоне аз нооромии ҷамъият истифода бурда, ба корҳои зишт даст заданд ва ҳамарўза дилашон чун дили мушак мезад ва хавфи онро доштанд, ки касе аз он ҷабридидагон қасди ҷонашон накунад, бинобар ин ба воситаи телефон хабар медоданд, ки фалонию фалонӣ Калашников доранд ва милиса ҳама корро монда, аз пайи Калашников мешуд…
Ҳарчанд хабарҳо ҳанўз бенатиҷа буданд, вале Сорбони Ҳомид иқдоми гулободиҳоро писандид, чунки мардум нисбат ба ҳодисаи рухдода бетафовут набуданд ва ин ҳодисаро чун дарди хеш қабул карда буданд. Ҳамин муҳимтарин нуқта дар алоқаи мардум бо милиса буд.
Аввалин падидае, ки чун шуъла дар зулмот ва чун чароғи роҳнамо дар уқёнус пайдо шуд, ин натиҷаи гирифтани ташхиси дактилоскопӣ буд. Маҳз натиҷаи ташхиси дактилоскопӣ аз кадом нӯги гиреҳ гирифтанро ба тафтишот ҳидоят намуд…
Дар нимаи дуюми рўзи 26 август Самадов ба утоқи кории Гурезов занг зад. Чун Гурезов аз пайи иҷрои супорише рафта буд, Сорбони Ҳомид гўшакро бардошта, худро муаррифӣ кард.
– Рафиқ капитан, муждае дорам, - баъди салому алейк хабар дод Самадов.
– Гўшам ба шумо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё