Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Беҳтар мешуд, ки шогирдро мефиристодеду ман онро бо аслаш барои шиносшавиатон мефиристодам.
– Аз баски шогирдро барои санҷиши хабаре фиристодам, агар зид набошед, ман худам…
– Ин чӣ хел мешавад?
– Модоме ки мужда кироӣ бошад…
– Баҳс намекунам, ана то омадани шумо чойникро ба ноқилҳои барқ пайваст мекунам.
– Ташвиш накашед, чунки соате пас мо бояд назди сардор дароем.
– То ба прокуратура омадан пиёда даҳ дақиқа ва бозгашт боз даҳ дақиқа, байни ним соат як пиёла чой. Ана, ман аллакай ноқилҳоро пайваст намудам…
Расо баъди дувоздаҳ дақиқа Сорбони Ҳомид ба пеши бинои прокуратура омад. Прокуратураи Гулобод аслан аз ду утоқи корӣ, ки болои дари яктоаш “Прокурор” ва дар дигараш “Муфаттиш” навишта шуда буд, иборат будааст.
Сорбони Ҳомид ба болои даре, ки болояш “Муфаттиш” навишта шуда буд, ангушт зад ва чун ҷавоби соҳиби утоқрро шунид, дарро кушод.
Самадов ба истиқболи меҳмон бархеста, гарм вохурӣ кард ва ўро ба нишастан таклиф намуд. Сипас, аз ғалладони мизи кориаш коғазҳоро бароварда, яке аз онҳоро ба дасти капитани милиса дода, худ аз чойҷўши барқӣ ба чойник об рехт…
Сорбони Ҳомид хулосаи ташхиси дактилоскопиро ки аз ду варақа иборат буд, то оростани рўйи миз мутоила намуда, қоғазҳоро болои мизи кории муфаттиш гузошт.
– Хуш, мужда чӣ хел?
– Арзанда.
– Аслан, хулосаи экспертиза ин як бозёфти бузургест.
– Баҳс намекунам, ҳарчанд бозёфт нодир аст, вале ин ҳанўз маънои кушодашавии ҷиноятро надорад.
– Ба ҳар ҳол мо акнун аз кадом кунҷ ба рафти тафтишот наззора намуданро медонем.
– Ба фикри шумо розӣ шуда наметавонам.
– Далел?
– Мо тамошобин нестем, ки рафти воқеаҳоро наззора намоем, мо бозингарем ва ҳар кадом дар ин майдон мавқеи хешро дорем.

пешина
аз 513
навбатӣ