Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Омад омадан гирад, о ту аллакай номзади ў ҳастӣ, - ба тарафи Самандар ишора карда гуфт Муҳаббат ва илова кард, ки аз ғурури баланд ҳам бахт мемирад.
Ширин сари андешаҳои хеш буд, ў аслан ба бахти хеш зомин шуданӣ ҳам набуд, вале шарму ҳаёро ҳамеша яроқи ҳуҷуми хеш медонист ва чун дугонаашро саргарми андешаҳои хеш дид, бо як зӯр задан оринҷи хеш аз дасти ў раҳо карда, кўзаро ҳам ба гўшаи фаромўшӣ дода, ба тарафи хонаашон давид.
Муҳаббату Самандар баъди рафтани Ширин ҳам хеле сари чашма суҳбат намуданд ва Ширин ҳамаи ин манзараро аз паси оинаи тирезаашон наззора намуд. Рашкаш омад, хост рафта Муҳаббатро ки мисли пешаи шилқин ба Самандар часпида буд, ба ҷояш шинонад, вале боз истиҳола кард, чунки шарму ҳаё занҷири пояш буд…
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор…
Ҳодисаи дар Гулобод рухдода таваҷҷуҳи на танҳо мақомоти дахлдор, балки тамоми шаҳрвандони минтақаро бедор карда буд. Бисёре аз шаҳрвандон ба милитса занг зада, дар бораи дидаву шунидаашон хабар медоданд ва ба ин васила қарзи шаҳрвандии хешро иҷро мекарданд.
Дар милиса ба ҳар як хабар таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд ва онро аз рўи мантиқ дар чаҳорчўбаи қонун рост карданӣ мешуданд ва чун яке аз аломатҳои он аз доираи чаҳорчўба берун мемонд, хабар ба гўшаи фаромўшӣ мерафт. Аслан, тартиби кории тафтишот низ ҳамин аст. Тафтишот ҳам мисли заршўй зари холис меҷўяд ва чун бифаҳмад, ки роҳи пешгирифтааш то ба маъбад намебарад, аз он роҳ бармегардад… Роҳи тафтишот ҳам мисли роҳи мактабу масҷид аст, роҳест ки ростиро меписандад.
Умуман, тайи ду - се рўзи охир милитса он қадар хабар гирифт, ки пештар дар давоми як моҳ мегирифт. Ҳомид Ҷовид шахсан худаш ба санҷиши хабарҳо назорат мебурд ва ҳар бегоҳ аз зердастон натиҷаи онро талаб мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё