Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ хел овози форам, - ниҳоят худро ба даст гирифта гуфт Самандар.
– Оҳҳо хушомад мезанӣ, ҳа? - посух дод Муҳаббат.
– Не, ман ҳақиқатро гуфтам, - худро сафед карданӣ шуд Самандар.
– Кӣ гуфтааст, ки дўғи ман турш аст? – паст наомада гуфт Муҳаббат.
Самандар лаҳзае сар бардошта ба тарафи Ширин нигарист. Духтар ҳамоно сар ба зер афканда буд ва ҳатто нигоҳи Самандарро пай набурд. Ин ба ҷавонмард имкон дод, ки ба таври бояду шояд арўсро аз наздик бубинад. Дар нисбати нигоҳи аввал рухсораҳои арғувонии духтар боз ҳам лолагунтар гашта буданд. Рўи Ширин чун кулчаи ширмоли нав аз танўр гирифтаро мемонд, нӯги мўйҳояш аз зонувонаш пасттар буда, қади чун санавбар росташро, ки акнун аз шарму ҳаё сар ба зер афканда буд, дар чашми харидор боз ҳам зеботар мекард.
– Хайр, чӣ хел? - овоз баровард Муҳаббат, ки аз нигоҳи харидоронаи Самандар ба завқ омада буд.
– Чӣ чӣ хел?
– Чӣ не, кӣ чи хел гўй, ё рўи дугонаи маро дидию ҳушат рафт?
– Аз куҷо фаҳмидӣ?
– Аз нигоҳат.
– Чӣ хел нигоҳ кардам?
– Чун милиса.
– Не, нигоҳи ман тамоман дигар хел буд.
– Чӣ хел дигар?
– Чун харидор ман ба Ширин нигоҳ кардам.
– Чун харидор нигоҳ накуну рўзата бин.
– О, ин хел нагӯ, Муҳаббат, - гўён Ширин аз дасти дугонааш оринҷи хеш раҳо карданӣ шуд, то ки ҳар чи зудтар аз маҳфилҷо биравад, вале Муҳаббат ҳам духтари аноӣ набуд.
Ў аз оринҷи дугонааш тарзе дошта буд, ки раҳо ёфтан осон набуд.
– Чаро ин қадар зӯр мезанӣ? О ба ту харидор нигоҳ дорад, шарм намедорӣ, ки харидорро танҳо гузошта меравӣ,– гилаомез ба тарафи дугонааш нигариста гуфт Муҳаббат.
– Ягон кас омада монад чӣ мегўяд? - шиква кард Ширин.

пешина
аз 513
навбатӣ