Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

“Худоё, худаш чӣ гап?” – аз дил гузаронд духтар.
Самандар аз роҳи калон ба тарафи онҳо тоб хўрд. Ширин чӣ кор карданашро намедонист. Муҳаббат аҳволи дугонаашро дида қоҳ – қоҳ механдид. Дар чунин лаҳзаҳо чӣ кор ҳам мекард духтар. Ниҳоят ў паҳлуи Муҳаббат рост шуда, сар ба зер афканд. Ў имкон дошт, ки рўяшро ба дигар тараф гардонад, вале суханони бибиашро ба ёд овард, ки доимо таъкид мекард: “Мард қиблаи зан аст ва агар зани пок самти қибларо надонад, метавонад ба тарафи шавҳараш нигариста намоз гузорад.” Маҳз ҳамин суханон сабаб шуданду Ширин ба тарафи қибла, ба ҳамон самте рўяшро гардонд, ки Самандар меомад, то назди Офридгор гунаҳкор нашавад ва чун Самандар ба онҳо наздик шуд, Ширин ду даст пеши бар таъзим намуда, сар поин кард. Самандар дар як нигоҳ рухсораҳои духтарро арғувонӣ дида, баҳри дар хиҷолат намондани ў салом дода, гузашта рафтанӣ шуд.
–Ҳа, Самандар - ако, худаш чӣ гап? Наход арўс ба пешвозат барояду канораҷўӣ намоӣ? О, ин хели бад ҳам не – да. Аз гунҷишк тарсӣ, арзан накор, гар надоштӣ дили чун кўҳ бузург, ҳаваси Ширини мо чӣ кардӣ?
Суханони Муҳаббат Самандарро аз роҳ боздоштанд:
“Дар ҳақиқат ҳақ ба ҷониби Муҳаббат аст, - аз дил гузаронд Самандар, - наход аз чунин лаҳзаи муносиб худро бенасиб намоям.” Ниҳоят ў худро ба даст гирифта, мисли нотиқе, ки ба минбар баромадаасту чӣ гуфтанашро намедонад, ду - се бор гулӯ афшонд.
– Ширинмоҳ, илтимос ба бачаи тағоятон каме об медодед, - бо ханда гуфт Муҳаббат.
– Не, об лозим нест, ман ҳамин хел…
– Ҳамин хел пеш аз…
– Ҳа, ҳа. Акнун гўшам ба шумо.
– Ин гапи дигар. Аслан Ширин аз шумо каме хафа шудагӣ…
– Ин хел нагӯед, Муҳаббатхон, ман ягон гап нагуфтам,– ниҳоят овоз рӯшан кард Ширин.
Самандар, ки бори аввал овози Ширин, овози оне, ки меҳрашро муддати ду моҳи охир дар дил мепарварид, шунида, чӣ гуфтанашро намедонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё