Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ҳа, ҳаволаашон ба Худо.
- Кошки онҳо ин некиҳои шуморо мефаҳмиданд.
- Дили ҳар касро Худо медонад...
- Дигар бо шумо баҳс намекунам, - гўён Сорбони Ҳомид аз ғалладони мизи кориаш диктофони хурдакакеро бароварда, болои миз гузошта, тугмачаашро зер намуд...
"- Рафту лозим шуда монед, ман шуморо чӣ хел ёбам? - Ба Худо саҷда кунед, ки ман дигар ба шумо лозим нашавам.
- Акнун фаҳмидам..."
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳамоно диктофонро хомўш намуда, ба тарафи мусоҳибаш нигарист.
"Ин ҳанўз маънии гунаҳкор будани шуморо надорад, аз натиҷаи суханони хеш андеша намоед, - нидо омад аз замираш. Нидое, ки онро инкор намудан ғайриимкон буд."
Бинобар ин, гуфт:
-Ҳарчи ҳам набошад, ман бо Дороб Қамар солиёни зиёде шинос будам, нону намаки ҳамдигарро хӯрдаем тавре ки гуфтам, дигар нисбати ў даъвое надорам. - Яъне, ки ҳамин гуфтугўи дирўза аввалину охирин суҳбати телефонии шумо буд, ё бо эшон пеш аз ин ҳам тариқи телефон суҳбат доштед ва агар доштед мавзуи он суҳбатҳо чӣ буд?
- Пеш аз ин дигар суҳбате надоштам.
- Мо метавонем ба суханонатон бовар намоем?
- Албатта.
- Ва ин сухани шумо мардона аст?
- Чӣ хеле ки мегўянд, сухани мард якто. Чӣ заруриятест, ки банда шуморо фиреб диҳам.
- Вале ман гумон мекунам, ки шумо бандаро нияти фиреб намудан доред.
- Ин хел нагўед, бародар. Чӣ тавр метавонам ман шуморо, ки аввалин шуда ба мо дасти ёрӣ дароз намудан хостед, фиреб диҳам?
- Ман ҳам намедонам, вале чунин андешаҳои ботил дар майнам давр зада истодаанд, - гўён Сорбони Ҳомид тугмачаи дигари диктофонро зер намуд ва лента бо суръати баланд ба қафо тоб хўрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор