Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо амри Марказ гурўҳи Тоҳир Додобоев падари Шерзодро ба милиса овард ва ҳамоно истинтоқ сар шуд. То оғози суҳбат Хушдил Одил ҳатто худро чун ҷабрдида арзёбӣ намуда, ба Сорбони Ҳомид гуфт, ки дигар нисбати он нафарон ягон даъвое надорад.

  • Инашро мо медонем.
  • Пас ин даъвати бандаро сабаб чист?
  • Мо мехоҳем ба шумо ёрӣ диҳем.
  • Мебахшед, банда ба ягон ёрии дигар муҳтоҷ нестам.
  • Имрўз ниҳоят рўзи бобарор буд, мефаҳмед?
  • Аз куҷо донам?
  • Аз сари субҳ то ба ин лаҳза мо ҳамаи дўстонатонро паси панҷара шинондем.
  • Шуморо нафаҳмидам?
  • Онҳоеро, ки шуморо латукӯб намуда, боз Шерзодро ба гарав гирифта буданд, ба ҳабс гирифтем. Мехоҳед ҳамроҳашон суҳбат намоед?
  • Чӣ хеле гуфтам, дигар даъвое надорам.
  • Шеф ҳам инҷост.
  • Кадом шеф?
  • Дороб Қамар, шояд бо вай суҳбат кардан мехоҳед?
  • Ман кайҳо бо онҳо муносибате надорам.
  • Мехостем фаҳмем, ки шумо бо Дороб Қамар бори охирин кай суҳбат намудед?
  • Дар хона ба шумо ҳамаашро гуфта будам.
  • Дигар бо ў ягон маротиба вонахӯрдед, суҳбат накардед?
  • Модоме ки ўро надида бошам, чӣ хел суҳб мекардам?
  • Бо он ду Худозада чӣ?
    -Онҳоро ҳам надидам. Акнун ки Шерзодро баргардониданд, нисбаташон дигар даъвое надорам. Чӣ лозим коҳи куҳнаро бод кардан?
  • Ҳаволаашон ба Худо гўед.
пешина
аз 527
навбатӣ