Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Лойи хушк ҳаргиз ба девор намечаспад. Агар дар ҳақиқат ин хонуми зебо бегуноҳ бошад, тафтишотро шикасти калоне дар пеш аст.
- Шуморо фаҳмидам, рафиқ полковник.
- Худи ҳозир ба назди Фирдавси Ҳаким равед ва супориши ҷудогонаи вайро ба номи сардори ШКД - и ноҳияи Файзбор гирифта, якҷоя бо ин расм тариқи телефакс ба Файзбор фиристед.
- Хуб шудааст, - гўён Абдурашиди Шариф аз дафтари кории Ҳамид Ҷовид баромад...
Ҳамид Ҷовид тугмачаи паҳлуи мизи кориашро зер намуд ва лаҳзае пас котиба чун аломати савол пушти дарро иҷора гирифт. - Як чой биёред!
- Хуб шудааст, - гўён котиба дарро аз самти дигар пўшид ва сардорро аз нав байни андешаҳои хеш танҳо гузошт.
Ҳамид Ҷовид ин дафъа тариқи телефони мобилӣ бо сарвари бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоев алоқа барқарор намуда, аз нафари дар зери назораташ буда пурсон шуд. - Баъди ҳамон гуфтугўи телефоние, ки Марказ аз натиҷааш моро огоҳ намуд, ў аз хонааш набаромадааст.
- Боз каме сабр намоед, - гўён сарвари ШКД ба гуфтугўи хеш нуқта гузошт. Сипас ў ба Мавлуда Нурова занг зада, баҳри аз рухсатии меҳнатӣ бозхондани Муъминова рухсат дод.
Сарвари милиса ба ёд овард, ки ин субҳ то кунун субҳона нахўрдааст. Сари як пиёла чойи кабуде, ки котиба овард, ў аз рўйи вазъи кунунӣ нақшаю чорабиниҳои навро рӯӣ лисон овард...
Ҳуҷум ҳамеша тайёрии аниқу дақиқро талаб мекунад
ва боз ҳуҷум бояд ногаҳонӣ бошад, вагарна аз он натиҷаи
дилхоҳе ба даст намеояд. Дар замоне, ки Дороб Қамару
шогирдонаш дар ҳуҷраҳои алоҳидаи боздоштгоҳи муваққатӣ (ИВС) баҳри дифои хеш дар мизони ақл нақшаҳо мекашиданд, тафтишот тактика ва стратегияи ҳуҷумро тағйир дода, аз дигар самт ба ҳуҷум гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор