Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун лента бозистод, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ тугмачаи навбатиашро пахш кард ва дар фазои дафтари корӣ суҳбати наве садо дод.
"- Гуфтам - ку пул барои ҳамон нафаре лозим аст, ки шуморо дар рўзи сахт даст гирифт.

  • Ман мефаҳмам, вале шумо ҳам бояд бандаро фаҳмед.
  • То даме ки вай аз кишвар баромада наравад, мо худро аз хатар эмин дошта наметавонем.
  • Шеф ҳамон вақт нагуфт, ки барои иҷрои чунин амал пул лозим аст..."
  • Мехостам фаҳмам, ки барои иҷрои кадом амал онҳо шуморо шантаж намудан мехостанд? - диктофонро дуюмбора хомўш намуда пурсид Сорбони Ҳомид.
  • Онҳо ҳамон пулҳои гумшударо гирифтан мехоҳанд.
  • Тамом?
  • Дигар бандаро бо онҳо чӣ корест, хайр худатон як андеша намоед.
    Сорбони Ҳомид ин даъфа лентаро каме ба пеш тоб дода, боз онро дар маҷрои худаш ба ҳаракат даровард.
    "…Ба ҷуз он ки ҳаштод ҳазорро ба боди фано додед, боз хизмати киллерро низ ба души мо бор кардан мехоҳед?"
  • Хуш акнун бигўед он чӣ хизматест ва ҳамсуҳбати кунуниатон кист? Суҳбат дар куҷо сурат гирифт?
  • Модоме ки ҳамаашро медонед, чӣ лозим ҳам худ ва ҳам бандаро азоб додан. Бе иштироки адвокат ман дигар сухане нахоҳам гуфт.
  • Ихтиёратон. Шарҳи ин ҷумларо бошад, аз дўстонатон мепурсем, - гўён Сорбони Ҳомид тугмачаи паҳлуи мизи кориашро зер намуд ва чун милисае вориди дафтари кориаш шуд бо овози шунаво гуфт:
  • Боздоштшуда Хушдил Одилро ба ИВС баред!

Суҳбати навбатӣ бо ҳамсуҳбати Хушдил Одил, ки дар "Хаймаи Хайём" ба вуқуъ пайваста буд, дар дафтари кории муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким сурат гирифт.

пешина
аз 527
навбатӣ