Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ҳамсарҳад буд. То ташаккули империяи Ҳахоманишиён Парфия яке аз музофоти дурдасти подшоҳии Мод ба шумор мерафт. Ҳудудҳои имрўзаи он бо музофоти шимолию шарқии Эрон - Хуросону Мозандарон, инчунин як қисми ҷанубию ғарбии Туркманистон рост меояд. Пойтахти он Арсака (мавзеъҳои имрўзаи шимоли Хуросон) буд, ки боқимондаҳояш аз шимоли Ашқобод пайдо шудаанд. Парфия ва парфияниҳо дар нигоштаҳои аввали Сосониён баробари Порсу порсиён ёд карда мешаванд. Дар бораи давраи
қадимаи забони парфиянӣ маълумоте дар даст нест. Аз давраи салтанати
Ҳахоманишиён осори хаттии парфиянӣ боқӣ намондааст. Пас аз забти Эрон
аз ҷониби Искандари Мақдунӣ ва дар давраи Селевкидҳо забони расмӣ юнонӣ
будааст. Ҳатто дар давраҳои аввали ҳукмронии Аршакиҳо низ ин мақоми
забони юнонӣ нигоҳ дошта шудааст. Дар сангнавиштаҳои Бесутун бо тасвири
шоҳони парфиянӣ низ забони юнонӣ дида мешавад. Ду катибае, ки дар
Авроман (кӯҳҳои Загрос) ёфт шудаанд, яке ба соли 88 п. аз м., дигаре солҳои
22 – 21 п. аз м. тааллуқ доранд, низ бо забони юнонӣ навишта ҳатто, ба гуфтаи
Плутарх дар давраи Ороди I фоҷеаҳои Эврипид ба забони юнонӣ ба саҳна
гузошта мешудаст. Ин далели бартарияти забони юнонӣ дар Парфия аст. Ба
ақидаи олимон давраҳои аввали ҳукмронии Сосониён забони парфиянӣ ҳанўз
васеъ истеъмол мегардид. Мавҷудияти матнҳо ба забони парфиянӣ (дар
баробари порсии миёна ва юнонӣ) дар Нақши Рустам, Нақши Раҷаб (дар
баробари порсии миёна), дар Хоҷиобод ва Нарс онҳоро ба чунин хулоса оварда
буд. Пас аз омезиши ёдгориҳои номбурда (дар ох. а. ХІХ) забони ҷудогона
будани парфиянӣ муқаррар шуд. То кунун олимон онро варианти навишти
форсии миёна мепиндоштанд. Инчунин дар солҳои 1893 –1911 аз Туркистони
Шарқӣ пораҳои матни Монавӣ ба забони порсии миёна, порфиянӣ ва суғдӣ аз
ҷониби олимони рус В.И.Гоборовский ва П.К.Нозлов, Н.Н.Каков
экспедитсияи археологҳои олмон, англис пайдо карда шуданд, ки
аксарияташон дар Берлин, Лондон ва Санкт-Петербург маҳфузанд. Осори
монавии порфиянӣ бори нахуст аз ҷониби Ф.Мюллер с. 1904 ва минбаъд
Фонле Кок, К.Г.Залеман, В.Ҳеннинг дар байни солҳои 1909-1947 нашр карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё