Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шудаанд. Дар ин хода, бахусус, заҳматҳои Ф.Мюллер, Ф.Андреас ва В.Ҳеннинг бузург аст.
Забони порсии бостон. Забони порсии қадим аз қадимтарин забони эронии соҳибхат ба шумор меравад. Забони порсии қадим забони давлатии салтанати Ҳохоманишиён буда баъд аз сукунати ин давлатдории бузург ба маҳдудиятҳо дучор гардида алифбои он аз байн рафт. Баръакси забони авастоӣ забони порсии қадим забони дину мазҳаб набуд. Ин забон дар аҳди Ҳохоманишиён дар қаламрави ин империяи бузург забони маъмулу мустаъмал ва мавриди коргузорӣ қарор гирифта буд. Манобеи хаттии забони авастоӣ ва забони порсии қадимро мавриди муқоиса кардан, ҳамоно хусусияти фарқкунандаи онҳо дар он зоҳир мегардад, ки катибаҳои хаттӣ дар нусхаи асл ба мо расидааст ва маҳз ҳамин хусусият арзишмандии онро нишон медиҳад.
Бартарии осори авастоӣ нисбат ба катибаҳои забони порсии қадим дар он зоҳир мегардад, ки ҳаҷми он бештар аст. Аз оини мехнавишти забони порсии қадим ягон суннате намонда, ва баъди шикасти Ҳахоманишиҳо пурра аз байн рафт. Дар давраҳои минбаъда қариб ҳеҷ кас он матнҳоро хонда наметавонист.
Хушбахтона, қисматҳои муҳиму арзишманди хаттии забони порсии қадим то ба мо омада расидаанд. Ба манбаъҳои хатии забони порсии қадим сарчашмаҳои зерин шомиланд: 1.Катибаи Дорошоҳ (Катибаи Бесутун) - ба се забон: порсии қадим, аккодӣ, эламӣ дар панҷ сутун нақшгузорӣ карда шудааст.
2. Катибаи Нақши Рустам аз ду сутун иборат аст. Сутуни якум аз 60 сатр ва сутуни дуюм низ аз 60 сатр иборатанд. 3. Катиба аз Шуш ёфт шудааст, ки мазмуни он дар бораи сохтмон аст ва аз 58 сатр иборат аст. 4. Катибаи Куруш аз Персиполис аст (навиштаҳо бар зидди девҳо), ки дар ду банд буда банди якум – 60 сатр, банди дуюм – 48 сатр мебошанд. Манбаъҳои хатии мутаалиқ ба забонҳои аккодӣ, эламӣ ва юнонии қадиму оромӣ низ дар бораи баъзе хусусиятҳои забони порсии қадим маълумоти нисбӣ дода метавонанд.
Забони порсии миёна. Забони порсии миёна забони адабиву хаттии даврони салтанати Сосониён мебошад. Даврони салтанати Сосониён замони рушд ва шукуфоии хат ва забони порсии миёна аст. Албатта, гуфтан зарур аст, ки даврони ташаккул ва инкишофи забони порсии миёна фарохтар аст ва қариб

пешина
аз 389
навбатӣ