Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

мидёниҳо мутааллиқ аст, вале ин саҳеҳ нест. Зеро Дорошоҳ мегўяд, ки e аввалин бор бо забони аждодони худ менависад. Ҳамчунин, муаррихон қайд кардаанд, ки дар аҳди шоҳони Мод достону ривоёти гуногун буда, ки онҳо навишта мешудаанд, аммо то ба имрўз нишоне аз онҳо ба мо нарасидааст.
Пойтахти давлати Мод Экбатанаи қадим (Ҳамадони имрўза) будааст. Аз забони мидёнӣ то имрўз номи ашхос, номи мавзўоти ҷуғрофӣ ва теъдоди маҳдуди калимот аз навиштаҳои юнониёни қадим, ошуриён ва катибаҳои порсии қадим омада расидааст.
Забони миллӣ (давлатӣ). Забоне, ки барои тамоми аъзоёни миллат умумист. Он чунин забони адабӣ буда, барои мубодилаи афкори тамоми миллат хизмат мекунад.
Забони модарӣ, забонест, ки инсон аз айёми кўдакӣ аз атрофиёни калонсолаш тақлидан ёд мегирад. Забони модарӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ яке аз фанҳои асосии таълим ба шумор меравад.
Ҳарчанд ки таълифи китоб ба забони тоҷикӣ таърихи ҳазорсола дорад, аввалин китоби дарсии забони тоҷикӣ (грамматика) дар замони шўравӣ (1928, таълифи Саидризо Ализода) ба вуҷуд омад. Минбаъд китобҳои дарсии забони модарӣ (тоҷикӣ), инчунин китобҳои дарсии фанҳои дигар ба забони модариамон чоп шуданд.
Забони парфиянӣ (портӣ). То солҳои наздик дар илми эроншиносӣ баъзан байни истилоҳҳои порсӣ ва паҳлавӣ ихтилофоте ҷой дошт ва онҳоро як забон ҳам мешумориданд. Аммо ҳар дуи инҳо ба этнотопонимҳои Parava ва Parsa тааллуқ доранд. Азбаски дар асрҳои миёна ба ҷои «порсии миёна»
«паҳлавӣ» истифода мекарданд, ин анъана то кунун давом кард. Дар асл бошад, «паҳлавӣ» < pahlavik < parava ва пасванди –ik ва «порсии миёна» parsi < parsik ном доранд. Забони парфиянӣ ба гурўҳи шимолию ғарбии эронӣ дохил шуда, чунонки дар боло зикр шуд, Parava – Парфия ватани портҳо ва макони аввалини паҳншавии забони парфиянӣ буд. Он яке аз музофоти шарқии империяи Ҳахоманишиён (558-330 п. аз м.) ба шумор мерафт. Парфия дар қисмати ҷануби шарқии баҳри Каспий ҷойгир буда, дар ғарб бо давлати Мод, дар шимол бо Хоразм, дар шарқ бо Марғиён, боз шарқтар аз он бо Бохтар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё