Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мешаванд. Ин ҳолат ноустувории ҳудуд ва набудани системаи муайяни меъёру қоидаҳои онро нишон медиҳад. Дар сўҳбатҳои ғайрирасмии тоҷикӣ гоҳо ба ҷои пасоянди -ро-и адабӣ истифода бурдани «а» ва «я»-и шевагӣ (падарамро – падарама, хонаро – хоная) аз ҳамин қабил ноустувориҳост. То давраи ташаккули миллат, азбаски забони адабӣ асосан дар шакли хаттӣ истифода шуда, теъдоди ашхоси саводнок маҳдуд буд, забони гуфтугўӣ нуфузи бештаре дошт. Дар давраи ташаккули миллат ин таносуб тадриҷан тағйир меёбад. Ҷараёни бештар интишор ёфтани забони адабӣ ва аз муомилоти табақаҳои маҳдуди ҷамъиятӣ ба муомилоти умумихалқӣ табдил ёфтани он доираи истифода ва корбурди забони гуфтугўиро тадриҷан маҳдуд карда, нақшу мақоми забони адабиро баланд мебардорад. Воситаҳои ахбори умум: радио, телевизион, рўзномаю маҷаллаҳо ба ин муосидат мекунанд.
Забони дарӣ (ниг.: дарӣ).
Забони занона номи шартии падидаи тафовути воҳидҳои забон вобаста ба ҷинсияти гўянда, истифодаи интихобии ин ё он воҳиди забонӣ аз ҷониби занон. Мавҷудияти забони занона бо омилҳои иҷтимоӣ, динӣ ва ғайраҳо муайян карда мешавад. Аммо тафовути байни забони занона ва анвои дигари забон метавонад пас аз қатъ гардидани амали ин қонунҳо низ боқӣ монад. Дар забони японӣ тафовути забон ба мардонаю занона қонунист ва системаи ҷонишинҳо (мас., ҷонишини шахси якуми боку-ро бештар мардон истифода мекунанд). Занон онро истеъмол намекунанд.
Маҷмўи ҳиссачаҳои модалию экспрессивӣ муассир (бештар шаклҳои ифодаи эҳтиромро) маъмулан занҳо истифода мекунанд.
Забони зинда. Забони гуфтугўӣ, ки дар айни замон барои мубодила ва муносибатҳои маданию маишии ин ё он халқ хизмат мекунад.
Забони имову ишорат, маҷмўи воситаҳои муносибату робитаи ғайризабонӣ, ки ба ҳаракатҳои даст, бадан ва мушакҳои рўй алоқаманд аст. Ин забонро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: шартӣ ва ғайришартӣ. Забони имову ишоратии шартӣ ишоратҳои башахсони ғайр бегонаанд, ки пешакӣ муайян гардидаанд ё баъзан аз рўи қоидаҳои истифода рамзӣ кунонида

пешина
аз 389
навбатӣ