Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шудаанд. Онҳо байналхалқӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳдуд (мас., ишоратҳои ҳарбии низомиён ё забони ишоратии орденҳои монахҳо) шуда метавонанд. Ишоратҳои ғайришартии табииро ба 4 гурўҳ ҷудо кардан мумкин аст: ишоратӣ, нишондиҳанда (тасвирӣ), инчунин зуҳуроти ҳиссӣ; таъкидӣ; мавзунӣ. Ишоратҳо умумӣ набуда, танҳо хоси ин ё он забонанд (мас., баровардани забон дар Аврупо тамасхурро ифода мекунад, дар Чин

  • таҳдид, дар Ҳиндустон - ғазаб, барои мардуми Майя маънои ҳикматро дорад). Забони ишоратии шартӣ бо забонҳои муқаррарӣ (табиӣ) низ ҳамроҳ омада метавонад.
    Забони компутар. Низоме барои барномарезӣ, ки ҷиҳати (барои) навиштани барномаҳои компутарӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ин барномаҳо барои мақсадҳои хоси назири GOBOL (номи яке аз забонҳои компутарӣ барои бозаргонӣ) ё FORTRAN (забони компутарӣ барои муҳандисӣ ва улум) ба кор мераванд. Забони компутар шомили аносири назири намодҳо, дастурҳо ва коркардҳо нест, ки тибқи қоидаҳои хос барои иҷрои амалиёти бар рўйи анвои додаҳо бакор мераванд. Даҳҳо забони компутарӣ барои мақсадҳои мухталиф тарроҳӣ шудаанд.
    Забонҳои компутарӣ вижагиҳои صوری ҷолибе доранд, аммо вижагиҳои корбурди забонҳои табииро надоранд.
    Забони кўдак. Навъи забон, ки кўдакони камсин (хурдсол) ва соле, ки ҳанўз дар ҳоли ёдгирии забони модарӣ ҳастанд, ба кор мебаранд.
    Забони кўдак дорои чунин гуна тафовут бо забони калонсол аст. Масалан:
  1. сохтори мутафовути ҷумлаҳо. Масалан баҷойи Why aren’t you coming?
    мегўянд: Why not yoy coming? 2) Суратҳои мутафовути калима, монанди goed баҷойи went, mouses баҷойи mice. Ин гуна тафовутҳо нишон медиҳанд, ки кўдакон дорои маҷмўи қавонини хоси худ ҳастанд ва забонро фақат бо тақлид аз калонсолон намеомўзанд.
    Забони мабдаъ, нахустзабон, забони умумӣ (ҳақиқӣ ё фаразӣ)-е, ки дар натиҷаи барқарор кардани ҳолату хосиятҳои муқаддаму умумии ягон оила ё гурўҳи муайяни забонҳои хеш дар асоси маҷмўи айниятҳои фонетикӣ, грамматикӣ ва маъноӣ дар заминаи методи муқоисавию
пешина
аз 389
навбатӣ