Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

медонад. Масалан барои як дузабонаи фаронсавӣ/инглисӣ калимаи фаронсавии Pain ва калимаи англисии bread дорои маънои дақиқан яксон нестанд. Ин назария кўшише буд барои ин ки нишон диҳанд шароити мутафовити дузабонагии ноҳампоя ва ҳампоя дар мутолиоти марбут ба ёдгирии вожагон мавриди истифода қарор гирифта, аммо ба унвони مدلی ом барои дузабонагӣ муфид шинохта нашудааст.
Дузабонӣ (ниг.: билингвизм).
Дунуқта (аломати баён). Аломати китобатист, ки дар мавридҳои зерин гузошта мешавад: 1. Баъд аз калимаи хулосакунанда, пеш аз аъзоҳои чидаи ҷумла: Дар соли 1917 аз ҳамин болохона фарзандони арзандаи Хуҷанд: Кушкарев, Иванитский, Ҷўра Зокиров, Абдулло раҳимбоев … муждаи Револютсияи Кабири октябрро ба мардум расонда будан (Р.Ҷ.). 2. Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ агар қисми дуюм мундариҷаи қисми якумро шарҳ диҳад, пас аз қисми якум, пеш аз қисми дуюм ду нуқта гузошта мешавад. Баъд аз фоҷиаи Хуҷанд кори Темурмалик рўз то рўз душвор шудан гирифт: озуқа ва яроқу аслиҳа аз ҳеҷ ҷо ба ў намеомад (С.А.). 3. Агар нутқи айнаннақлшуда дар охир ояд, пеш аз он аломати баён мегузоранд: «Аз меҳнат натарсӣ, бузург мешавӣ».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё