Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Ж
Жаргон (фр. jargon) - забоне, ки аз унсурҳои тағйири шаклкардаи як ё якчанд забонҳои табиӣ иборат буда, бештар дар муомилоту гуфтори шифоҳии гурўҳҳои ҷудогонаи иҷтимоӣ кор фармуда мешавад. Жаргони ҳарбиён, жаргони дуздону авбошон, жаргони савдогарон. Чунин забон фақат ба доираи одамони манфиатҳои умумидошта фаҳмост. Жаргонро дар урфият забони заргарӣ ҳам мегўянд, ки он гуфтугўи махсуси аҳли бозор, дуздон, қиморбозон иборат аст. Жаргон дар осори бадеӣ фақат барои характеристикаи (тавсифи) нутқи персонажҳо истифода мешавад.
З
Забар. Забар ё фатҳа аломатест аз аломатҳои ҳаракат, ки болои ҳарф гузошта мешавад ва шаклаш чунин аст: ﹷ яъне як хатчаи рости уреб, ки онро а мехонанд. Болои ҳарфи аввали калима ё мобайни калима аломати забар гузоранд (бидуни ҳарфҳои алиф ва айн), ин чунин маъно дорад, ки пас аз ин ҳарфи ҳамсадо ифодакунандаро бо садоноки а хондан даркор аст: دَست، نَی، دَر، بَر، شَهر Забон воситаи муҳимтарини муомилоти инсоният аст. Ҷамъият ва забон баробар пайдо шудаанд. Забон хоси инсон ва яке аз нишонаҳои асосии миллат мебошад. Забон бо тафаккур бевосита алоқаманд аст.
Забонро восита ё ки аслиҳаи тафаккур низ меноманд. Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (имову ишора, рафтор, ранг, садо, формулаҳо ва ғ.) ифода карда метавонад. Аммо воситаи умдаи ифодаи фикр забон аст.
Тафаккур ва забонро бо ҳам омехта кардан ва зиёда аз он, якеро мазмуну дигарро шакл гумон бурдан мумкин нест; ҳар кадоми онҳо шаклу мазмуни хос дорад. Шакли дигари мавҷудияти забону тафаккур нутқи инсон аст.
Забон ва нутқ ҷудонопазиранд. Вале ин ҳар дуро низ бо ҳам омехтан дуруст нест. Забон ба халқ тааллуқ дорад, на ба шахсони алоҳида. Дар ин маврид нутқ бояд гуфт, яъне забон умумист, нутқ фардист. Забон ҳамешагист, нутқ лаҳзагист. Ҳар як забони зинда соҳиб ва истифодабарандае дорад. Мабдаи ҳар як забон ба ташаккули халқият ва гузаштагони он – қабилаву авлод мансуб аст. Авлод коллективи нахустини инсонӣ мебошад, ки забони худро дошт. Инкишофи минбаъдаи гурўҳҳои авлодӣ ба пайдоиши иттиҳодияҳои қабилавӣ оварда мерасонад, ки вобаста ба ин забони авлодӣ то ба дараҷаи забони қабилавӣ инкишоф меёбад. Тадриҷан забонҳои қабилавӣ ба забонҳои халқӣ ва забонҳои халқӣ ба дараҷаи забонҳои миллӣ мерасонад. Ҳамаи забонҳои ҷаҳон ин давраҳои инкишофро тай накардаанд. Ҳоло ки авлод вуҷуд надорад, забони авлодӣ ҳам нест, вале забонҳои қабилавӣ ва шеваҳо хеле зиёданд.
Дар қитъаи Амрико, Африқо, осиё ва Доғистон қабилаҳое ҳастанд, ки забони алоҳида доранд (агулӣ, цахурӣ, рутулӣ, дидоӣ ва ғ. Забонҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё