Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

маъноҳои услубии бо дигар калимаҳо ифодаёфта низ тобеи он мегарданд.
Масалан, дар силсилаи муродифҳои зерин нахуст калимаҳо доминант мебошанд: осмон, фалак, гардун, сипеҳр, симо; азиз, табаррук, муқаддас, арҷманд, маҳбуб, киромӣ, мўҳтарам; касал, ранҷур, бетоб, мехонд, музд, ҳақ, подош.
Дублетҳо (англ. doublet – дугона, духела). Дунавъии тафовути воҳидҳои забонӣ. Дублетҳои аксентӣ (қолабҳои заданокӣ): сесад // сесад, Ленин // Ленин (дар назм), беихтиёр // беихтиёр. Дублетҳои лексикию семантикӣ: шавқангез – шавқовар, духтарак-духтарча. Дублетҳои синтаксисӣ: ба хона рафтан // рафтан ба хона. Дублетҳои калимасозӣ: тор // торик, гулзор // гулистон, донишкада // донишгоҳ, шодравон // равоншод. Дублетҳои услубӣ: гургзода-гургбача. Дублетҳои фразеологӣ:
дил бохтан // дил бой додан, худро гум кардан // худро бой додан.
Дугўишӣ, дузабонгунагӣ. Вақте дузабон ёду гуна аз як забон дар ҷомеаи паҳлў бапаҳлўи ҳам вуҷуд доранд ва аз ҳар як барои манзурҳои хос истифода мешавад. Чунин вазъиятеро дугўишӣ меноманд. Маъмулан яке аз ин ду гўиш аз лиҳози истондорд (меъёр) дар сатҳи болотаре аства онро гунаи боло мегўянд, ки дар макотиби давлатӣ, расонаҳо, омўзиш ва ибодати мазҳабӣ бакор меравад. Гунаи дигар маъмулан эътибори камтар дорад ва гунаи пойин номида мешавад ва байни афроди хонавода, дўстон, харидуфурўш ва ғайра ба кор меравад.
Дузабонагии мураккаб, дузабонагии ноҳампоя. Назарияе, ки яке аз фарди дузабона ба яке аз ду равиши зер калимотро ба маъноҳояшон рабт медиҳад. Дузабонагии мураккаб ё ноҳампоя ба ин маъност, ки фарди дузабона дорои як низоми маъноӣ аст, ки ҳам барои забони аввал ба кор меравад ва ҳам барои забони дувум. Масалан, барои як фарди дузабонаи фаронсавӣ // инглисӣ калимаи фаронсавии pain (ба маънои «нон») ва калимаи инглисии bread дорои маънои яксон ҳастанд, аммо дузабонагӣ ҳамоҳанг ё ноҳампоя ба ин маъност, ки фарди дузабона дорои ду низоми маъноӣ барои калимот аст: як низом барои калимоте, ки шахс дар забони аввал медонад ва низоми дигар барои калимоте, ки дар забони дувум

пешина
аз 389
навбатӣ