Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Гетерография (аз юн. héteros – дигар ва grápho - менависам) – тарзи хате, ки як қисми калимаҳо (ё асосҳои онҳо) ва баъзан тамоми ифода ба ин ё он забон навишта мешаванд, аммо ҳангоми қироат ба дигар забон тарҷума карда мешаванд. Масалан, дар забони шумерӣ хати мехии асосҳои калима тавассути идеограммаҳо навишта мешуданд, аммо вандҳо ва калимаҳои ёридиҳанда бо аломатҳо ба ҳиҷо баробар.
Гидроним (аз юн. hydára – об + onyma – ном). Ифодаи номҳои дарёҳо, кўлҳо, ҷазираҳо, уқёнусҳо, обанборҳо ва м.и.: дарёи Вахш (Зарафшон, Амид, Сир), Уқёнуси Ором, обанбори Норак.
Гипертеза (ниг.: метатеза - ҷойивазкунӣ).
Гипонимия (аз юн. hupo – зер ва onyma – ном) – яке аз муносибатҳои асосии парадигматикаи майдони семантикист, ки зинаҳои тобеияти унсурҳои онро муносибатҳои ҷинсу намуд ташкил медиҳанд.
Гипотаксис (муқ. паратаксис) (аз юн. Hupo – зер ва taxis – тартиб, вазъ, бо тартиб ҷобаҷокунӣ) ба маънии тобеъшавии ҷумла, муқ.
Паратаксис.
Глаголитса (анг. glagӯlitsa). Яке аз ду ҳарфи азбукаи (алифбои) славянии қадима. Ин навъи хат аз кириллитса бо нақшу нигори худ фарқ мекард.
Глосса (юн. glossa – калимаи архаистӣ, нодиру камистеъмол). 1.
Муродифи вожаи калима. 2. Калимаҳои ғайримуқаррарӣ ва ифодаҳое, ки дар ин ё матн истифода шуда, шарҳ дода мешаванд ё тафсир меёбанд:
Тарзи маишати мо ба кадом исрофот мунҷар (анҷом ёфта, оид шуда) гардида буд? (С.А.). Дар ибтидо дар дунёни антиқа архаизмҳоро глосса мегуфтанд. Ҳанўз дар асри V то милод дар Юнон маҷмўа ва шарҳу тафсирҳои глосса вуҷуд доштанд. Омўхтани глосса махсусан дар замони Александриён (искандариён) васеъ инкишоф меёбад. Яке аз аввалин тадқиқотчиёни глосса Филет (340–280) аз Кос, шогирди ў Зенодот (325– 260) аз Эфос мебошанд. Онҳо глоссаҳои достонҳои Гомерро меомўхтанд.
Баъдтар шарҳи калимаҳои душворфаҳмро, ки одатан дар ҳошияи китобҳо ё дар байни сатрҳо оварда мешуд, глосса меномиданд. Ҳангоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё