Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

рўйнавискунии китобҳо глоссаҳо бештар дар худи матн роҳ меёфтанд. Ин қабил глоссаҳоро интерполятсия меномиданд. 3. Ҳама гуна корбасти калима дар ин ё он гуна ва дар шакли муайяни грамматикӣ.
Глоссемáтика (аз юн. glōssēma, ҳолати мафъулии glōssēmatos – калима). Назарияи забоншиносии яке аз ҷараёнҳои структурализм, ки ба усулу методи соф дедуктивӣ (мантиқӣ) такя мекунад ва алгебраи забонро ифода мекунад. Дар ин назария забон ҳамчун системаи муносибатҳои ба мафҳуми воқеӣ (дар ифодаи маъно) ва овозҳои реалӣ вобаста набуда муаррифӣ мешавад.
Глотогоция (юн. glōtta – забон ва gonos – таваллуд). 1. Пайдоиши забон. 2. Таълимот дар бораи пайдоиш ва инкишофи забон.
Глоттохронология (англ. glottochronology). Фасли лексикологияи таърихӣ, ки суръати тағйиротҳои забониро бо мақсади муайян намудани «дараҷаи собиқа»-и пайдоиши системаҳои луғавии ҷудогона ва қолабҳои таносуби онҳоро дар доираи оилаи муайяни забонҳо меомўзад.
Глоттохронология ба методи лексикиомории таркиби луғавии забонҳои хеш такя менамояд, ки он имконият медиҳад боиси дарёфти таърихи гузаштаи ягонагии онҳо ва аз ҳамдигар дуршавии онҳо мегардад.
Градатсия (лот. gradation – тақвияти тадриҷӣ). Шакли услубие, ки дар чунин алоқаи гуфтор (калимаҳо, қисмҳои ҷумла) қарор дорад, ки ҳар як унсури баъдӣ дорои маънои тақвиятдиҳандаи маъноӣ ё эҳсосоию таъсирбахш мебошад. Градатсияи баландшаванда: бо тартиби муайян аз аввалӣ қувватноктар шудани калимаи дигар:
Зиндагӣ ҷои хомўшӣ набувад,
Дил биё, ҷўш зан, мубориз бош! (Ҳ.Ю.).
Градатсияи пастшаванда. Аз калимаи аввалӣ пештар шудани ифода калимаи минбаъда:
Шеъри ман!
Хуни ҷигар, ё пораи дил гўямат,
Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гўямат. (М.Т.).

пешина
аз 389
навбатӣ