Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Г
Гаплология (аз юн. gaplos – одӣ (сода) ва logos – мафҳум, таълимот).
Фурўгузор шудани яке аз ҳиҷоҳои якхелаи ҳамҷавор, ки натиҷаи падидаи диссимилятсия мебошад: минерология (ба ҷойи минералология), трагиколидия (ба ҷойи трагикоколидия). Ин падидаи фонологӣ дар забони тоҷик бештар дар номҳои мардонаю занона мушоҳида мешавад:
Бомурод (ба ҷойи Бобомурод), Бираҷаб (ба ҷойи Бибираҷаб).
Генеалогӣ (аз юн. genealogia – шаҷарӣ, насиб). Ниг.: таснифоти гениологии забонҳо.
Географияи лингвистӣ – як бахши забоншиносист, ки интишори арзии падидаҳои забониро таҳқиқ менамояд. Ин соҳаи забоншиносӣ дар интиҳои асри XIX аз шевашиносӣ ҷудо шудааст. Тафовутҳои шевагии забонҳои гуногун проблемаи мувофиқат кардан ё мувофиқат накардани марзаи интишори чунин тафовутҳоро дар ҳудуди муайяни забонӣ ба вуҷуд овард. Географияи лингвистӣ бо лингвистикаи ареалӣ (минтавӣ) робитаю алоқаи зич дорад. Пайдоиш ва инкишофи географияи лингвистӣ бо нақшабардории тафовутҳои шевагии забонҳо ва таҳияи атласҳои шевагӣ иртибот дорад. Чунин атласҳо гуногунанд: атласҳои ҳудуди мухталифи ин ё он забон, атласи гурўҳи забонҳои хеш. Географияи лингвистӣ имконе медиҳад, ки дар заминаи омўзиши муқоисавии изоглосс – хате, ки дар харитаи шевашиносӣ маҳалҳои падидаҳои яксони забониро пайваст мекунад, барои омўзиши таърихии забонҳо ва шеваҳо маълумоти муҳим медиҳад. Дар забоншиносии тоҷик аввалин донишманде, ки ба ин тарзи омўзиши шеваҳои тоҷикӣ (харитабардорӣ) рў овардааст, зиндаёд Миср Эшниёзов мебошанд.
Германизм (аз лот. germanus – германӣ (олмонӣ). Калима ва ифодаҳое, ки аз забонҳои олмонӣ иқтибос шудаанд: гастрол, шифер, флот, камертон, штемпел, мисс, полисмен.
Гетерограмма (аз юн. héteros (дигар) ва grámma – нақшу нигор, аломат, ҳарф) – аломат ва пайвасти аломатҳое, ки калимаҳои як забонро ифода мекунанд, аммо барои қироати тарҷума ба дигар забонҳо.

пешина
аз 389
навбатӣ