Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Воҳидҳои фразеологии китобӣ хоси нутқи китобӣ буда, дар сухани бошукўҳ ва мутантан истифода мешаванд: даст гарав кардан (даст задан ба коре); дасти адаб ба сина ниҳодан (изҳори ҳурмат кардан), дида аз ғарқ шустан (раҳо шудан аз ғам). Балъамӣ: Коре бикун, эҳсосоти ватанхоҳии амир биҷўшад ва араш ҳавои Бухоро бигирад, охир ту шоирӣ, созанда ва сарояндаӣ, ту ба тори дили мардум нохун мезанӣ (С.У.) Воситаҳои ғайризабонии алоқа. Воситаҳое, ки ба гуфтор дар ифодаи фикру андеша, эҳсосоту ҳаяҷон ёрӣ мерасонанд, амсоли: имою ишорат, ҳолату вазъияти нутқ, имою ишора (мимика).
Воситаҳои тасвирии забон. Воситаҳое, ки барои пуробурангу муассир ва образнок ифода намудани фикр ёрӣ мерасонанд ва маъноро дилкашу ҷаззоб мегардонанд санъатҳои маънавии ташбеҳ, маҷоз, истиора, киноя, муболиға, тавсиф, тазод, суолу ҷавоб ва м.и.
Вулгаризм (лот. vulgaris – авомона, омиёна). Калима ва ифодаҳои дағалу гўшхароше, ки аз доираи лексикаи забони адабӣ берун меистанд:
башара (ба ҷои рўй); шах шуда мондан (ба ҷои мурдан), шикам нур кардан (ба ҷои сер шудан); гум шав (ба ҷои рав).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё