Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

инчунин бори функсионалии садонокҳо дар нутқ муҳим арзёбӣ мешавад.
Чунин бори функсионалӣ ба таносуби миқдори садонокҳою ҳамсадоҳо вобастагӣ дорад: агар миқдори садонокҳо аз миқдори ҳамсадоҳо хеле кам бошад (мас. дар забони тоҷикӣ 6 садонок ва 24 ҳамсадо мавҷуд аст), бори иттилоотии садонокҳо зиёд нест.
Волапюк (аз vol – ҷаҳон ва puk – забон), яъне забони ҷаҳонӣ. Забони сунъии байналмилалие, ки соли 1880 аз ҷониби попи католики немис Шлейхер сохта шудааст. Ин забони сунъӣ муваффақият пайдо карда натавонист.
Воҳидҳои забон – унсурҳои низоми (системаи) забон, ки вазифа ва маъноҳои гуногун доранд. Маҷмўи воҳидҳои асосии забон сатҳҳои муайяни системаи забонро ба вуҷуд меоваранд: фонемаҳо – сатҳи фонемагӣ, морфемаҳо – сатҳи морфемагӣ. Ба маънои васеаш истилоҳи воҳидҳои забон падидаҳои гуногунро ифода менамоянд, ки объекти омўзиши забоншиносӣ мебошанд. Масалан, воҳидҳои моддӣ, ки қишру қолаби овозӣ доранд: фонема, морфема, калима, ҷумла, воҳидҳои «нисбатан модди»-е (Л.И.Смирнитский), ки қишри овозии тағйирёбанда доранд: қолабҳои таркибу сохтори калима, ибора, ҷумла ва воҳидҳои маънӣ (мас. имоҳо), ки ҷиҳати маъноии (идеалии) воҳидҳои моддӣ ё нисбатан моддии дар чунин воҳидҳо набударо ташкил медиҳанд.
Воҳидҳои моддии забонро ба якҷониба, ки маънои хоси худро надоранд (фонемаҳо, ҳиҷоҳо) ва воҳидҳои дуҷониба, ки ҳам маъно ва ҳам қишри (қолаби) овозӣ доранд, ҷудо мекунанд (морфемаҳо, калимаҳо, ҷумлаҳо).
Ҳамаи навъҳои воҳидҳои забон хосиятҳои зерини муштарак доранд: а) Воҳиди забон бояд шакли моддӣ (овозӣ) дошта, ба маънои муайяне далолат кунад ё дар ташаккули маъно иштирок кунад; б) Аз матнҳои бутун онро ҳамчун обйекти мустақил ҷудо кардан мумкин бошад; г) Ҳар як навъи воҳидҳои забон бо навъҳои дигари онҳо дар муносибати зинавӣ қарор доранд: аз воҳидҳои нисбатан хурди забон воҳидҳои нисбатан калони он ба вуҷуд меоянд ва ё баръакс таҷзияи воҳидҳои нисбатан калон воҳидҳои нисбатан хурдро медиҳад. Ба гурўҳҳои ҷудогонаи воҳидҳои

пешина
аз 389
навбатӣ