Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ташаккули ибораҳои феълию сифатӣ иштирок мекунанд: китобро хондан, падарро пешвоз гирифтан, рўз барин равшан, омадан замон пурсидан, як ҳафта инҷониб, ду сол боз интизор шудан. 3. Пайвандакҳои пайвасткунанда. Пайвандакҳо яке аз муҳимтарин воситаҳои грамматикии алоқаи калимаҳо ва ҷумлаҳоянд. Калимаҳо ба ҳамдигар ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунанда алоқаманд мешаванд: Фирўза бо овози паст, бо ҳаяҷон, вале аз дилу ҷон сухан мегуфт (Ҷ.И.). 4. Пайвандакҳои тобеъкунанда. Бандаки изофӣ воситаи алоқаи муайяншаванда ва муайянкунанда мебошад, ки бештар бо исм меояд: гули хушбўй, орзуи падар, дили беқарор. 5. Бандакҳои феълию хабарӣ хоси ҷумлаанд: Ман омадам. Ту омадӣ. Бандакҳои хабарӣ хусусияти факултативӣ (ғайриҳатмӣ) доранд: Ман коргарам. Ман – коргар. 6. Тартиби калима чун воситаи грамматикии алоқа дар ибораю ҷумла зиёд истифода мешавад.
Он воситаи ифодаи алоқаи ҳамроҳист: ҳамин бино, баландтарин қулла, чор дона тухм, хеле зебо, борони беист боранда. 7. Оҳанг (интонатсия) чун воситаи алоқаи грамматикӣ хоси ҷумла буда, калимаро бо калима ё ҷумларо бо ҷумла тобеъ ё пайваст менамояд: нависанда Айнӣ, чор китоб.
Дар алоқаманд гардидани аъзоҳои чидаи ҷумла, ки пайвандак надоранд, нақши оҳанг зиёд аст: Дар ягон ҷойи кўчаи шаҳр шамъе, чароғе, фонусе набуд (С.А.). 8. Артикл. Артикли -е баъзан чун воситаи номуайянӣ ва ягонагии предмет меояд: гуле сурх, табақе ҳалво.
Вокабула (аз лот. vocabulum - калима). Калимаи ҷудогонаи забони хориҷӣ бо тарҷумааш ба забони модарӣ: Ибораи exemplum curiosum (тимсоли аҷиб) ба ёдаш расид (Ф.М.). Калимаи эзоҳшавандаи сарлавҳа дар мақолаи илмӣ.
Вокализм (аз лот. vocalus – овози садонок) – системаи садонокҳои ин ё он забон, шева ё гурўҳу оилаи забонҳо. Дар тавсифи вокализм – теъдоди садонокҳо, қоидаҳои ҳамнишинии онҳо дар мавқеъҳои гуногуни фонетикӣ (овозҳои ҳамҷавор, заданокию безадаги, оғозу байну интиҳои калима), имкониятҳои тобишҳои фонемаҳо, бори функсионалии онҳо дар нутқ ба эътибор гирифта мешавад. Барои тасвири системаи садонокҳо

пешина
аз 389
навбатӣ