Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

а) агар сухани гўянда баъд аз нутқи айнан нақлшуда ояд, пеш аз он вергул ва тире гузошта мешавад:
– Духтур, ба Шумо як-ду чиз бигўям, – ба гап даромад мардак пеш аз он ки дақиқае ба нохунҳои дасташ чашм дўхта нишаст (Ф.М.); б) агар сухани гўянда дар байни нутқи айнан нақлшуда ояд, аз ду тараф бо вергул ҷудо карда мешавад:
Ман, – гуфт Темурмалик, – аз он вақт боз, ки ҷанг сар шудааст, ҳеҷ гоҳ зану фарзанди худро аз аҳли хонаводаи дигарон фарқ кунонда, барои онҳо ғамхории ҷудогона накардаам (С.А.).
Вови маъдула – вовест, ки дар баъзе калимаҳои тоҷикӣ пас аз ҳамсадои х навишта мешавад, аммо хонда намешавад: خویش – хеш (хвеш), خواهر – хоҳар (хвоҳар), خوارزم – Хоразм (Хворазм), خواندن – хондан (хвондан), استخوان – устухон (устухвон), خواب – хоб (хвоб), خویش – хеш (хвеш).
Вожаҳои грамматикии (синтаксисии) алоқаи калимаҳо дар ибора ва ҷумла - ибораю ҷумла дар натиҷаи ба ҳам алоқаманд гардидани калимаҳои мустақилмаъно ба вуҷуд меоянд. Алоқаи байни калимаҳо бо ёрии воситаҳои гуногуни грамматикӣ сурат мегирад. Ибора хусусияти номинативӣ ва ҷумла хусусияти предикативӣ, яъне мухобиротӣ дорад.
Байни калимаҳо дар ибораю ҷумла воситаҳои зерини грамматикии алоқа мушоҳида мешавад: 1. Пешоянд. Вазифаи пешоянд як калимаро ба калимаи дигар вобаста намудан аст. Калимае, ки пешоянд гирифтааст, эзоҳдиҳанда буда, калимаро шарҳу эзоҳ медиҳад. Пешояндҳо бо исмҳо, ҷонишинҳои предметӣ, масдар ва ҳиссаҳои дигари нутқ, ки хусусияти предметӣ гирифтаанд, меояд. Бо ёрии пешоянд бештар ибораҳои феълӣ, исмӣ ва сифати феълӣ сохта мешаванд: аз хона баромадан, ба кор рафтан, бо рафиқон сўҳбат кардан, барои хондан омадан, ба меҳмони аз саёҳат баргашта, донишҷўёни ба саёҳат рафта, аз таҳти дил хандакунон. Дар шаклгирии ибораҳои исмӣ низ пешонядҳо зиёд истифода мешаванд:
мубориза барои сулҳ, ҷудоӣ аз ёру дўстон, гуфтугў бо худ. Пешояндҳо дар ташаккули ибораҳои сифатӣ низ иштирок мекунанд: дўстони ба ман наздик, дўсти барои ман азиз. 2. Пасоянд. Пасояндҳо бештар дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё