Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Вергул (аз лотинии virgula) – аз ҷумлаи аломатҳои китобатест, ки дар дохили ҷумла гузошта мешаванд. Вергул (,) мавридҳои зерини истифода дорад:
- аъзоҳои чидаи ҷумларо, ки дар байни онҳо пайвандакҳои ва, -у, (- ю) наомадаанд, ҷудо менамояд: Дар лаби ин ҷўйча дарахтони себ, зардолу, гелос, олуболу, дўлона, нок, мурўд шинонида шудаанд (С.А.).
- мухотабро ҷудо менамояд:
Вақти он аст,
Эй қалам,
Буррандатар гардӣ зи теғ! (Ҳ.Ю.). - воҳидҳои туфайлиро ҷудо менамояд:
Лекин, мутаасифона, Зариф гоҳе насиҳати падарро фаромўш мекард
(А.Ш.). - аъзоҳои истисноии ҷумларо ҷудо мекунад:
Мо, талабагон, дар шабҳои барф ҳам такрори рўйисаҳнии худро тарк намекардем (С.А.). - нидоро ҷудо мекунад:
Эй кош, ба олам то чашм кор мекард, Дил буду одам онро қурбони ёр мекард (А.Л.). - ҳиссачаҳоро ҷудо мекунад:
– Ҳа, чӣ? Фаромўш кардӣ, дар бачагӣ ҳар рўз гўштӣ мегирифтем. Ба назарам, ду-се бор туро афтонда будам-ку! (Ф.М.). - ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандакро ҷудо мекунад:
Насими баҳор зулфони Гуландомро ба ҳар сў парешон месохт, овози шир-шири об бо савти мурғон аз дур шунида мешуд (П.С.). - дар ҷумлаи мураккаби тобеъ ҷумлаи пайрав ва сарҷумларо ҷудо менамояд:
Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд, Навиштанрову гуфтанро нашояд (Н.Г.). - дар нутқи айнан нақлшуда сухани гўяндаро ҷудо менамояд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё