Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

тариқи инкишофи тадриҷии ғайримаҷозӣ низ ба вуҷуд меоянд.
Мафҳумҳои бо ин роҳ ба вуҷуд омада боиси пайдоиши маъноҳои наве мегарданд. Масалан, калимаи доман ба маънои либоси занонаи аз миён поён, юбка аз ҳамин қабил аст. Ин калима, ки ба маъноҳои «қисми поении атрофии либос»: домани курта, домани ҷома ва канори ҳар чизе: домани кўҳ дар истеъмол буд, маънои нави иқтибосии «юбка»-ро ҳамчун давоми мантиқии маъноҳои худ қабул кард. Воситаҳои грамматики (синтаксисии) алоқаи калимаҳо дар ибора ва ҷумла инҳоянд: Пешояндҳо, пасояндҳо, пайвандакҳои пайвасткунанда, бандаки изофӣ, бандакҳои феълию хабарӣ, тартиби калима, оҳанг, артикл.
Васл (ар. васала) – пайвастан, пайванд кардани чизе ба чизе. Дар илми арўз амалест, ки ба воситаи он шоир дар ашъори худ ба сакта роҳ намедиҳад. Васл дар мавриди ҳашв ба кор меравад. Шоир барои нигоҳ доштани вазни матлуб баъди ҳамсадои зоид ҳатман калимаеро меорад, ки бо ҳарфи садонок сар шавад. Бо ин роҳ шоир сактаи шеърро аз байн мебарад. Масалан:
Ихвон, ки зи роҳ оянд, оранд раҳоварда, Ин қисса раҳовард аст аз баҳри дили ихвон.
Дар ин байт дар калимаи роҳ ҳарфи з зоид буда, шоир барои мавзунии вазн калимаи оянд-ро овардааст, ки он бо ҳарфи садоноки о сар мешавад. Дар мисраи дуюм низ ҳамсадои д дар калимаи раҳовард зоид буда, ба хотири равонии вазн бандаки аст ва баъд аз он пешоянди аз оварда шудааст.
Вензел (пол. wezel) – гиреҳ. Ҳарфҳои аввали номҳои одамон (исмҳои хос), ки ба шакли гиреҳҳои бо ҳам алоқаманд ба сурати гул дароварда мешаванд.
Вербализатсия (лот. verbum – феъл). Ба феъл гузаштани ҳиссаҳои дигари нутқ. Дар асоси вазифаи наҳвӣ ба вазифаи хабарҳои феълӣ кор фармуда шудани ҳиссаҳои дигари нутқ: Кор тамом, вассалом. Ҳамин кифоя.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё