Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

соҳиб шудани фразеологизм мегардад: «лаб кушодан» – «лаб ба сухан кушодан», «оҳ кашидан» – оҳи чуқур кашидан; в) афтидани унсурҳои таркибӣ. Варианти дар натиҷаи фурўгузор шудани ин ё он ҷузъ ба вуҷудомада обуранги тару тозаи ибтидоии худро ҳам гум мекунад.
Масалан, ибораи «ба осмон бардоштан» аз «ба осмони ҳафтум бардоштан» ба вуҷуд омадааст. Вариантҳои фразеологиро ба ду хел ҷудо мекунанд: а) вариантҳои морфологӣ ва вариантҳои лексикӣ. Варианти морфологӣ дар натиҷаи тағйирёбии ин ё он унсури грамматикии воҳиди фразеологӣ пайдо мешавад. Чунин вариантҳо бештар дар натиҷаи афтидан ё илова шудани пешояндҳо, пасояндҳо ва пасвандҳои калимасоз ба вуҷуд меоянд: «афти кор», «аз афти кор», «хоб рафтан», «ба хоб рафтан»; б) вариантҳои лексики воҳидҳои фразеологӣ аз тағйири яке аз ҷузъҳои дохили он ба вуҷуд меоянд: «фикру хаёл» – «фикру андеша», «тобу тоқат» – «тобу тавон»; «орзую омол» – «орзую ҳавас».
Вариантҳои морфемаҳо (алломорфа). Анвои гуногуни морфема (пешванду пасвандҳо), ки аз ҷиҳати таркиби овозӣ фарқ мекунанд: -он (- ён, -вон, -гон): занон, бобоён, оҳувон, бачагон; -ӣ//гӣ: зебоӣ, мардонагӣ; - ча//-ича: суфача, бузича, дарича; -ӣ (-гӣ, -вӣ): ҷомаи корӣ, вазифаи хонагӣ;
-она (-гона, -вона, -ёна): саломи дўстона, гиреҳҳои дувоздаҳгона, -ин (- гин): дарвозаи оҳанин, зарфи нуқрагин; -ум (-юм); синфи якум, соли дуюм; на-//-ма-: нарав, марав.
Васеъшавии (инкишофи) маънои калима - маъноҳои ҷудогонаи луғавӣ бо усулҳои маҷоз, инкишофи тадриҷии ғайримаҷозӣ, таҷзияи маънои воҳиди фразеологӣ пайдо мешаванд. Маъноҳои ба тариқи маҷоз тавлидшуда дар натиҷаи ба ҳам алоқаманд шудани маъноҳои калимаҳои гуногун ва кўчидани маънои яке аз онҳо ба дигаре сурат мегирад.
Масалан, маънои «чашм», ки бо калимаи наргис нисбат дода мешавад, аз кўчиши маънои асосии луғавии калимаи чашм ба вуҷуд омадааст, ки он ба шакли зоҳирӣ ва ранги варақҳои гули наргис монандӣ дорад. Маҷозоти луғавии ба усули маҷоз тавлидёфта бештар тавасути санъатҳои бадеии ташбеҳ, истиора ва синекдоха ба вуҷуд меоянд. Маъноҳои луғавӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё