Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Тобишҳои фонемаҳоро ба ҳатмию мавқеӣ ҷудо мекунанд. Мисолҳои дар фавқ оварда намунаи тобишҳои ҳатмӣ ё ҳамнишинианд. Тобишҳои мавқеӣ вобаста ба мавқеи фонема дар калима падид меоянд. Масалан, ҳамсадоҳои ҷарангдори забони тоҷикӣ дар интиҳои калима пеш аз танфис (пауза) ҷарангнокии худро аз даст медиҳад: калид (калит), сабад (сабат), санҷид (санҷит).
Вариантнокӣ (аз лот. variant, variantis - тағйирёбанда) – 1. Тасаввуру шинохт оид ба тарзҳои гуногуни ифодаи ин ё он моҳияти забонӣ ҳамчун роҷеъ ба дигаргунӣ ва анвоъ ё ҳамчун дур шудан аз ягон меъёр. 2.
Истилоҳе, ки тарзи мавҷудият ва корбурди воҳидҳои забонӣ ва амалкарди воҳидҳои забон ва низоми забонӣ дар маҷмўъро ифода мекунад.
вариантнокӣ хосияти бунёдию асосии низоми забонӣ ва амалкарди ҳамаи воҳидҳои забонист, ки тавассути мафҳумҳои «вариант» ва «инвариант»
шарҳ дода мешавад. Инвариант ифодаи муҷарради ин ё он он воҳиди забонӣ бе назардошти мавридҳои мушаххаси истифодаи онҳост. Фонема ва фон, морфема ва морф мутааллиқи сатҳҳои худанд: фонема ба фонетика (ё фонология), морф ба морфология.
Вариантҳои воҳидҳои фразеологӣ - вариантҳои воҳиди фразеологӣ қолабҳои аркибан тағйирёфтаи ҳамон як фразеологизм мебошанд ва аз ҳамдигар, пеш аз ҳама, аз инвариант – асоси қолабии фразеологизм бо чанд ҷузъ, ё унсури грамматикии худ фарқ мекунанд. Масалан, агар фразеологизми «бо як тир ду нишон задан»-ро ҳамчун инвариант қабул кунем, пас ибораҳои «бо як тир ду сайд задан», «бо як тир ду фохта задан»
вариантҳои онро ташкил медиҳанд. Вариантҳои воҳидҳои фразеологии забон бештар дар натиҷаи ивазшавӣ, иловашавӣ ва фурўгузор шудани унсурҳои луғавию дастурии фразеологизм ба вуҷуд меоянд: а) ивази унсури таркибӣ. Дар натиҷаи ивази яке аз ҷузъҳои синонимӣ ва ё аз ҷиҳати маъно наздик варианти он пайдо мешавад: «пои касеро аз осмон овардан»
// линги касеро аз осмон овардан, ба дил гирифтан // дар дил гирифтан; б) иловашавии унсурҳои нав. Ба таркиби воҳиди фразеологӣ калима ё унсури нави грамматикӣ дохил мегардад, ки боиси ба обуранги иловагӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё