Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

забон фонемаҳо, морфемаҳо, лексемаҳо, фраземаҳо ва ба гурўҳҳои воҳидҳои нутқ ибораҳо, ҷумлаҳо, бандҳои синтаксисӣ дохил мешаванд.
Воҳидҳои наҳвӣ - дар грамматикаҳои илмии имрўза миқдори воҳидҳои наҳвиро иборат аз панҷ медонанд: калимашакл, ибора, ҷумлаи сода, ҷумлаи мураккаб ва матн. Мавзўи баҳси наҳвро ҳам омўзиши ҳамин панҷ воҳиди наҳвӣ аз лиҳози сохтори маъноӣ ва наҳвӣ, бо таъбири дигар, чӣ сохтан, аз чӣ сохтан ва чӣ тарз сохтан мешуморанд. Ба воҳидҳои калимашакл дар шакли тасрифӣ омадан феълро (мехонам, хонда будам, бихон, хоҳам хонд), бо пешоянду пасоянд омадани калимаҳоро (бо сарбаландӣ, барои хондан, роҷеъ ба мавзўъ, гул барин, ду рўз боз) нисбат медиҳанд. Калимашакл дар сохтани ибора ва ҷумлаи сода, ибора дар сохтани ҷумлаи сода чун масолеҳи тайёр ё камтайёр истифода мешавад.
Воҳидҳои фонетика – маҷмўи воситаҳои овозие, ки ҷиҳати овозии воҳидҳои маънодори забонро меомўзанд. Дар сатҳи калима се унсури асосии фонетика: овозҳо, ҳиҷо, зада амал мекунанд. Онҳо бо тарзу тартиби истеъмоли худ се унсури асосии калима буда, сохтмони фонемагӣ, ҳиҷоӣ ва заданокии онро ташкил медиҳанд ва тавассути онҳо як калима аз калимаҳои дигар фарқ карда мешавад. Дар ташкили фраза (ҷумла) воситаҳои дигар низ иштирок мекунанд. Воситаҳои ташкили оҳанги гуфтор суръати нутқ, тамдид, танин, танфис, задаҳои синтагмаю фраза, таъкид мебошанд, ки онҳо маънои ҷумларо тағйир дода метавонанд.
Воҳидҳои фонетикаро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: а) воҳидҳои занҷирӣ ва б) воҳидҳои забарзанҷирӣ. Ба гурўҳи воҳидҳои занҷирӣ ғайр аз овозҳои нутқ (фонемаҳо) ҳамаи воҳидҳои фонетикие, ки истеъмоли пайдарҳам доранд (ҳиҷо, калима, синтагма, фраза ва банди фонетикӣ) дохил мешаванд; б) воҳидҳои забарзанҷирӣ, ки ба воситаи ду воҳиди асосӣ – зада ва оҳанг шарҳу тафсир меёбанд. Тафовути ин унсурҳо аз воҳидҳои занҷирӣ дар истеъмоли онҳост. Ин унсурҳо гўё хусусияти иловагӣ доранд, зеро онҳо воҳидҳои муташаккил: калима ва ҷумларо ҳамроҳӣ мекунанд ва ба онҳо зам мешаванд. Зада ва оҳанг воҳидҳои забарзанҷирии фонетикаанд. Унсурҳои забарзанҷирӣ бо воҳидҳои занҷирӣ талаффуз

пешина
аз 389
навбатӣ