Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

муайян менамояд. Маънои дигари ин истилоҳ натиҷаи тадқиқот оид ба таърихи пайдоиши калима мебошад.Масалан, муайян кардани алоқаи калимаҳои бохтан ва бозидан, равзани тоҷикӣ ва ručok-и яғнобӣ алоқаи калима ва морфемаҳои пи, пиҳ (шир, равған, ғизо,озуқа) ва калимаҳои пистон, пиёба, фарбеҳ. Дар тадқиқоти этимологӣ (решашиносӣ) тағйироти фонетикӣ ва морфологии калимаҳо ба назар гирифта мешаванд. Ба воситаи этимология баромади решаи калимаҳоро муайян мекунанд.
Масалан, калимаи таппак, тапидан, тафта, тафсон, таб, това ва типить-и русӣ аз як решаанд.
Этимон (юн. etymon) – нахустмаъно ва шакли калима. Муайян кардани этимон ҳадафи асосии таҳқиқи тимологист. Аз байн рафтани нахустмаъно натиҷаи деэтимологизатсия мебошад. Дар ин маврид шакл ё маънои аввалаи калима ба эътибор гирифта мешавад.
Этнонимика (юн. etnos – қабила, халқ + onoma – ном, исм).Як бахши вожашиносӣ, ки номи қавму қабилаҳо ва халқҳоро меомўзад.
Этнолингвистика (аз юн. étnos – халқ, қабила ва лингвистика) – яке аз ҷараёнҳои забоншиносӣ, ки забон ва робитаи онро бо фарҳанг, омилҳои забонӣ, этнофарҳангӣ ва этнопсихологӣ таҳқиқ мекунад. Ба таъбири дигар, этнолингвистика ҳамчун як соҳаи гуногунҷабҳа тавассути методҳои забоншиносӣ фарҳанг, психология, мифология ва урфу одатҳои қавму халқҳои гуногунро меомўзад. Этнолингвистика ҳамчун якравияи мустақил дар заминаи этнография дар ҳудуди асрҳои19-20 ба вуҷуд омад ва дар забоншиносии амрикоӣ бо тақозои омўзиши қавмҳои ҳиндӣ инкишоф ёфт.
Экстралингвистика. Як соҳаи забоншиносист, ки забонро ба сифати падидаи иҷтимоӣ баррасӣ менамояд ва ба сотсиолингвистика ва менталингвистика тақсим мешавад. Менталингвистика робитаи байни забон ва тафаккур, масоили назарияи маъноҳои забон, созмони онҳо, алоқаи забонро бо нутқ тадқиқ мекунад. Сотсиолингвистика вазоифи иҷтимоии забонро мавриди омўзиш қарор медиҳад.

пешина
аз 389
навбатӣ