Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Эпентеза (аз юн. epénthesis – илова кардан). Дар калима мувофиқи зарурати фонетикию морфологӣ ба вуҷуд омадан ё илова гардидани овозе, ки дар шакли ҳамон калима вуҷуд надошт: сабза(в)от, мева(ҷ)от; хонанда(г)он, салҷуқи(й)он, оҳу(в)он.
Эпиграф (юн. epi – баъд, боло + grapho – менависам). Ибора, ифодае, ки дар сарлавҳа ё пеш аз ягон қисмати матн ҳамчун ифодагари мундариҷаю хусусияти матн оварда мешавад.
Эргативӣ (юн. ergates – шахси амалкунанда) - сохтори махсуси ҷумла, ки дар он мубтадо бо феълҳои гузарандаю монда дар падеж – ҳолатҳои гуногун ифода мешавад. Ин хусусият бештар хоси баъзе забонҳои кавказӣ (аварӣ, лакӣ) ва палеосиёӣ мушоҳида мешавад. Дар забони аварӣ: ди-ца беқе б-ақана (Ман гўсоларо бурдам).
Эсперанто, яке аз машҳуртарин забонҳои байналхалқии сунъӣ.Соли 1987 табиби поляк Людвиг Заменгоф (тахаллусаш – Esperanto – умедвор) тартиб додааст. Дар эсперанто ба решаи калимаҳои забонҳои аврупоӣ якчанд пасванду пешванд ҳамроҳ намуда, калимаҳои нав сохтаанд. Чун забонҳои дигар эсперанто ҳиссаҳои нутқ, пешванду пасвандҳо ва ғ. дорад.
Алифбои эсперанто дар асоси графикаи лотинӣ бо истифодаи баъзе аломатҳои диакритикӣ сохта шудааст. Низоми овозии ин забон аз 6 садоноку 22 ҳамсадо иборат аст. Тарзи навишту талаффузи калимаҳо дар ин забон тафовуте надорад. Зада дар ҳиҷои дуюм (аз охир) гузошта мешавад. Таркиби луғавӣ, қоидаҳои имлои ин забон дар ҳолати такомуланд. Ба эсперанто маҷаллаҳо, асарҳои илмӣ, осори бадеӣ, қарору ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ ба табъ мерасанд. Баъзе асарҳои Вергилий У., Шекспир, Гёте, А.С.Пушкин, В.В.Маяковский ва дигарон тарҷума шудаанд.
Этимология (аз юн. étymon – маънои аслии калима ва логия), як соҳаи забоншиносӣ, ки таърихи пайдоиши калимаҳо, сохти мабдаӣ, ваҷҳи тасмия ва робитаи маъноии онҳоро меомўзад. Ин истилоҳро файласуфони давраи антиқа тақрибан 2 ҳазор сол пеш ҷорӣ намудаанд. Этимология тавассути методи муқоисавӣ-таърихӣ алоқаҳои морфемаҳо ва калимаҳоро

пешина
аз 389
навбатӣ