Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

устувор буда, дар гуфтори шифоию хаттӣ истифода мешавад: аз ҳама баландтарин қулла, аз ҳама зеботарин зан, гуноҳи бузургтарин, муҳлати ниҳоят кўтоҳ.
Эллипсис (юн. ellipsis – афтидан, фурўгузор шудан). Фурўгузор шудани унсурҳои ҷудогонаи нутқ, ки онро вобаста ба мазмуну мундариҷаи умумии матн барқарор кардан мумкин аст: Дар куҷо мегардӣ ин қадар, ҷиянам? – Тамошо (П.Т.). Чунин тарзи гуфтор ҳамчун воситаи услубӣ барои ифодаи оҳанги нутқи зинда бисёр истифода мешавад: Ба палата се кас даромад. Пешопеш – генерал (Ф.М.). Гуфтам, Замин – сахт, осмон – баланд (Р.Ҷ.).
Эмотсионалӣ. Сухану гуфторе, ки хоси ифодаи ҳиссиёт, ҳолати рўҳия, баҳои шахсӣ (субъективона) мебошад.
Эмфаза (аз юн. emphasis – бурроӣ, фасеҳӣ, ифоданокӣ). Ҷудо кардани қисми аз ҷиҳати маъно муҳими гуфтор тавассути оҳанг, такрор, ки ба сухан ҷозибае медиҳад:
Бар шумо раҳмат, раҳмат,
Иззату ҳурмат, ҳурмат! (А.Л.)
Энклитикаҳо. Унсурҳои безада – калима ва морфемаҳое, ки баъд аз калимаи заданок истифода мешаванд. Дар забони муосири тоҷикӣ ба гурўҳи энклитикаҳо морфемаҳои зерин мансуб мебошанд:
а) «е»-и ваҳдат: ма́рде, ша́хсе, гу́ле; б) «ё»-и ишорат: Ма́рде, ки ин гапро мегуфт…; в) «о»-и нидо: шои́ро, у́стодо; г) бандаки изофӣ: ма́рди оқил, кито́би нодир; ғ) бандакҷонишинҳо: -ам, -ат, -аш, -амон, -атон, -ашон; д) бандакҳои хабарӣ: -ам, -ӣ, -аст, -ем, -ед, -анд: хондаам, хондаӣ, хондааст; е) феълҳои ёридиҳандаи будан, шудан, намудан ва ғ., ки маънои луғавии худро аз даст додаанд: Он номаро дўстам навишта буд; ё) пасоянди -ро, барин, -боз, -катӣ: барф барин, хонаро, дер боз, дўстам қатӣ.

пешина
аз 389
навбатӣ