Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

кўба, дигаре болға, сеюмӣ анбўр, чорумӣ шони мўза ва маҳсиро кашида гирифта ҷангро давом доданд (С.А.).

Э
Эвфемизм (юн. euphemismos, èu – хуб ва phēmi – мегўям). Дилкашу нарм ифода кардани мафҳуми ин ё он предмет ё ҳодисаю воқеа: ифодаи ҷозибанок ба ивази ифодаи дурушту дағал: дуҷон (ба ҷойи ҳомила), бандагӣ кардан (ба ҷойи мурдан), нобино (ба ҷойи кўр).
Эквивалент (муодил). Воҳиди нутқ, ки айнан вазифаи калимаи дигар
– воҳиди дигари нутқро иҷро мекунад, яъне муодили он мебошад.
Эквиваленти (муоидили) калима. Ифода ё иборае, ки бо калима ҳамвазифа буда, чун аъзои ҷумла вазифаи муштараки синтаксисӣ дорад: ба гап ҷома пўшондан (дурўғ гуфтан), як себи дукафон (монанд), ду пули сиёҳ қимат доштан (арзон).
Эквиваленти ҷумла. Ибораҳои феълие, ки вазифаи ҷумлаи пайравро иҷро мекунанд: ибораи масдарӣ, ибораи сифати феълӣ.
Экзотизмҳо (юн. exotikos – бегона, хориҷӣ, аҷнабӣ). Калима ва ибораҳое, ки аз забонҳои дигар дар гуфтори ин ё он маҳал иқтибос шудаанд: мадемуазел, сенор, фрау, ҷентелмен, мистер, лорд, сэр, шиллинг, стерлинг, франк, лир, браво.
Экскурсия (лот. Excursion – оғоз, саршавӣ). Барои талаффузи ин ё он овоз омода шудани узвҳои овозсоз, ки аз ҳолати аввалаи худ ба ҳолати талаффузи овозҳои ҷудогона мегузаранд.
Экспиратсия (ниг.: задаи қуввагӣ).
Экспрессивӣ (лот. expressio – ифода). Хусусияти ифоданокию ҷозибадории нутқ, ки тавассути воҳидҳои луғавӣ, воситаҳои калимасоз ё воситаҳои грамматикӣ ифода карда мешавад.
Экстралингвистӣ (лот. extra – linguistique - забонӣ). Вазъу шароити берунизабонӣ, ҳақиқати воқеӣ, ки дар он забон инкишоф меёбад ва вазифаи худро иҷро мекунад. Омилҳои сиёсию ҷамъиятӣ аз ҷумлаи заминаҳои экстралингвистианд.
Элатив (лот. elatus – аз ҳад зиёд таърифу ситоиш кардан). Шакли сифати дараҷаи олӣ дошта, ки аломату хусусиятро аз ҳад зиёд ифода мекунад: одами зўртарини дунё. Ин тарзи ифода бештар хоси ибораҳои

пешина
аз 389
навбатӣ