Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

сад), сохта (якум, панҷум),мураккаб (сездаҳ, ҳабдаҳ, дусад) ва таркибӣ (сию як, чорсаду чилу чор) мешаванд. Шумораҳоро ба миқдорию тартибӣ ҷудо мекунанд. Шумораҳои миқдорӣ. Шумораҳое, ки миқдори предметҳоро номбар мекунанд: панҷ нафар донишҷў, ду миз, панҷ қалам.
Ин гуна шумораҳо ба саволи чанд?, чӣ қадар? Ҷавоб мешаванд.
Шумораҳои миқдорӣ ба аслию тахминию касрӣ ҷудо мешаванд.
Шумораҳои аслӣ. Шумораҳое, ки пеш аз предметҳои шумурдашуда омада, миқдори предметҳоро бо ададҳои том ифода мекунанд. Дар поёни сандалӣ ду мўйсафед менишаст (С.А.). Шумораҳои аслии аз як то даҳ калимаҳои содаю рехтаанд.Бештарини шумораҳои аслӣ бо мурури замон ба тағйиротҳои савтӣ дучор шудаанд: ҳабдаҳ < ҳафтдаҳ, ёздаҳ, понздаҳ ва м.и. Шумораи тахминӣ. Шумораҳое, ки миқдори предметро ба тариқи тахминӣ ифода мекунанд: Мўйсафедҳо даҳ-дувоздаҳ нафар буданд (Ҷ.И.).
Шумораи касрӣ. Шумораҳое, ки ададҳои касриро мефаҳмонанд: чоряк, аз се як, аз чор як: Локин машинаи рост ба ҷои шумо раванда аз сад якто наояд, дигар ҳамааш то нисфи роҳ меравад (Ф.Н.). Дар нутқ шумораҳои касрӣ одатан бо талаффузи пешоянди аз + махраҷ + сурат ба вуҷуд меояд.
Бо шумораи касрӣ ҳам шумораҳои тахминӣ месозанд: Ду-дуним километр роҳ рафта буданд, ки аз пеши онҳо чор раҳ баромад (Ф.Н.). Шумораи тартибӣ. Шумораҳое,ки тартиби предметҳоро бо адад ифода мекунанд.
Ин гуна шумораҳо аз шумораҳои аслӣ бо ҳамроҳ кардани пасванди -ум (- юм), -умин (-юмин)сохта мешаванд: Дар рўзҳои панҷум, шашум ва ҳаштуми март дар даруни арк ҳам ҷои холӣ намонд (С.А.). Шумораҳои тартибӣ бо тарзҳои гуногун (пурра, нопурра бо -ум ва бидуни -ум)такрор ёфта, шумораҳои тартибии тахминӣ ва ё шумораҳои тартибии чида ба вуҷуд меоваранд: Ака ҳисоб кунед, аз солҳои 1927–1928, ки вай 7-8-сола буд, чанд сол гузаштааст (Ф.Н.). Аз шумораҳои тартибӣ, ки пасванди -ин доранд, гоҳо и ихтисор мешавад. Ба ҷои якумин – якумӣ, даҳумин – даҳумӣ, ба ҷои аввалин – аввалӣ низ мегўянд: Ин ҳолро дида, ҳама ҷангарагон ягон-ягон ба тарафи кўҳнадўзҳо давида, аз сари кори онҳо яке

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор