Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

тафовути ҷузъӣ дорад. Гўйиши маҳаллиро аз рўи мухобираи байни одамон, яъне вазифаи иҷтимоияшон ба се ҷузъи таркибӣ ҷудо намудан мумкин аст: а) шеваҳои маҳаллӣ; б) гўйиши байнишевагӣ (бо гўйиши вилоятӣ – шаҳрӣ, гўйиши одии халқӣ ва шеваҳои мобайнӣ); в) гўйиши гуфтугўии умумӣ.
Шевашиносии таърихӣ дар бораи пайдоиш, тағйирот ва инкишофи шеваҳои ин ё он забон маълумот дода, хусусиятҳои савтӣ, луғавӣ ва дастурии лаҳҷаю шеваҳоро дар масири таърих меомўзад, таъсиру муносибати забонҳои бегонаро дар ташкили шеваю лаҳҷаҳои забони алоҳида баррасӣ менамояд.
Шевашиносӣ (диалектология) илмест,ки дар бораи диалектҳои (лаҳҷа, шева) забони алоҳида баҳс мекунад ва хусусиятҳои савтию дастурӣ ва луғавии шеваҳоро меомўзад. Шевашиносӣ намудҳои маҳаллии забон ё гўйишҳои маҳаллиро меомўзад ва ҳолати кунунии онҳоро муайян менамояд. Шевашиносиро аз рўйи мабҳас ва усули тадқиқот ба шевашиносии таърихӣ ва тасвирӣ ҷудо мекунанд.
Шумора дар феъл. Феълҳо ду шумора доранд: шумораи танҳо ва шумораи ҷамъ. Воситаи ифодаи шумора дар феълҳо бандакҳои феълию хабарист. Бандакҳо ҳамзамон ҳам ба шахс ва ҳам ба шумора далолат мекунанд. Масалан, рафтам – шахси якуми танҳо; рафтем – шахси якуми ҷамъ.
Шумора. Ҳиссаи номии нутқ, ки миқдор ва тартиби предметҳоро бо адад ифода менамояд ва ададҳои беномро номбар мекунад; ду китоб, ду даста гул, бисту панҷ рўзи меҳнат, соли чорум, синфи якум. Шумораҳо калимаҳои мустақилмаъноянд ва номи ададҳои ҷудогонаанд. Шумораҳои асосӣ дар забони муосири тоҷик зиёд нестанд. Ҳамаи шумораҳо – то миллиардро бо бисту як калимаи решагӣ ифода кардан мумкин аст: як, ду, се, чор//чаҳор, панҷ, шаш, ҳафт, ҳашт, нўҳ, даҳ, бист, сӣ, чил//чиҳил, панҷоҳ, шаст, ҳафтод, ҳаштод, навад, ҳазор, миллион. Шумораҳо дар ҷумла вазифаи муайянкунандаро адо мекунанд: даҳ адад китоб, чор даста гул, соли якум, курси дуюм. Шумораҳо аз ҷиҳати сохт сода (як, чор, бист,

пешина
аз 389
навбатӣ