Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

интиҳои он дар ҷануби Тоҷикистон – ноҳияи Шаҳритус қарор дорад. Ин гурўҳи шеваҳо дорои вижагиҳои овоӣ, луғавӣ, сарфию наҳвӣ мебошанд:
истеъмоли навъи шимолии садонокҳо бо фарқ кардани садоноки и аз и: аз ҷиҳати дараҷаи устуворӣ; теъдоди ҳамсадоҳояш аз 23 фонема иборат буда овозҳои ҳо-и ҳуттӣ ва ع (айн) истеъмол намеёбанд; истеъмоли навъи шимолии системаи феъл (бо тафовути шаклу намуди самарқандӣ:
мерафтуд, мерафтудас, мерафсодас; шакли замони гузаштаи нақлӣ дар шахси танҳо: рафтем < рафтаем, дар шахси сеюми ҷамъ: рафтем < рафтаанд; пасоянд шудани пешоянди ба; хусусиятҳои луғавии бивӣ дар Исфара, бува дар Хуҷанду Конибодом, бехӣ дар Хуҷанд, Конибодом ва исфара, ретинг ба маънои фиреб дар Конибодм… Вижагиҳои сарфӣ чунин аст, ки дар гурўҳи шеваҳои шимолӣ ҷамъбандии исм ба воситаи пасвандҳои -ҳо ва -о ифода меёбанд; номуайянӣ ва ягонагӣ бо шумораи як ва аломати накараи -е ифода мегардад; дараҷаи олии сифат бештар бо роҳи луғавӣ (а ҳама, аз ҳама); кўтоҳшавии феълҳои таркибӣ. Дар шеваҳои шимолӣ падидаҳои наҳвии хоси шевагӣ зиёд нестанд. Дар ин шеваҳо хелҳои гуногуни ҷумлаҳои содаи кўтоҳ, ҷумлаҳои хуллас мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.
Шевашиносии тасвирӣ хусусиятҳои луғавию савтӣ ва дастурии гўйишҳои маҳаллӣ ё шеваю лаҳҷаро дар давраи муайяни таърихӣ мавриди тадқиқ қарор медиҳад. Шеваҳои ҳозираи забони тоҷикӣ маҳсули инкишофи таърихӣ ва тадриҷии давраҳои дурударози забони тоҷикианд.
Ташаккул ва аз ҳам ҷудо гардидани онҳо дар гузашта ба чор омили муҳим марбутанд: а) муҳити ҷуғрофӣ; б) аломатҳои забонӣ; в) ҷудошавии авлод, қабила ва халқҳо; г) таркиби этникӣ. Лаҳҷаю шеваҳои маҳаллии забони тоҷикӣ ҳудуди васею доманфарохро фаро гирифта, берун аз Тоҷикистон, яъне дар қаламрави ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ, Афғонистон, Эрон, туркистони Чин низ густариш ёфтааст. Доираи истеъмоли гўйиши маҳаллӣ хеле маҳдуд буда, дар муомилаю муоширати рўзмарраи оилавӣ, дар байни намояндагони як ё якчанд деҳа, ҷомеа, ноҳия корбаст мегардад.
Сохти дастурӣ ва таркиби луғавии лаҳҷаю шеваҳо аз забони адабӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор